Эрон муҳри хомуширо шикаст ва алайҳи Тоҷикистон вориди амал шуд

Эрон муҳри хомуширо шикаст ва алайҳи Тоҷикистон вориди амал шуд

Чанд соли ахир, ҳукумати Тоҷикистон ва дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ дар сухан ва чӣ дар амал иқдомоти бисёр тунду ношоистеро дар дастури кор қарор дод, аммо то ба ҳол ҷониби Эрон хомуш буд ва ҳатто як эътироз ҳам надошт.

Аммо ду се рӯз шуд, ба назар мерасад, ки Эрон муҳри хомуширо шикаста вориди майдон шудааст. Бояд дид, ки чӣ натиҷаҳоеро ба дунбол дорад ва равобити Эрону Тоҷикистон ба куҷо хоҳад расид?!

Чаро Тоҷикистон алайҳи Эрон бархост?

Тоҷикистон кишваре аст, ки дар ИДМ камбизоаттарин ва нерӯи низомиаш заифтарин аст, аммо Эрон кишваре аст бисёр сарватманду бузург, ва аз назари низомӣ ҷузви 20 кишвари аввали дунё аст ва абарқудраттарин кишвари дунё; яъне ИМА-ро замингир карда, ҳамаи нақшаҳои хабисона ва зургуёнаашро безарар гардонида аст, ба тавре ки дар дунё ба улгуи муқовимат алайҳи зургуён табдил шудааст.

Аммо бо ин ҳол, чаро Тоҷикистони заифи камбизоат алайҳи чунин кишвари қудратманди сарватманди қавӣ ба ҷанг бархоста, алайҳаш суханони нораво мезанад, ва чаро Эрон то ба ҳол ҳеҷ посухе ба ҶТ надода буд?

Дар ҷавоб гумоназаниҳо зиёд аст, аммо ба назар мерасад, Арабистони Саудӣ ки душмани стратегии Эрон аст, ба Тоҷикистон пули калон дода, хостааст чунин иқдоме алйҳи Эрон анҷом диҳад.

Исроил низ ки душмани ашадди ҳамаи мусулмонҳо ба хусус Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва тамоми пулисҳои ҶТ аз ҷумла шиканҷагарҳои ноинсони ваҳшӣ дар он тарбият мешаванд аз тариқи Саймумин Ятим, ки дастнишондеҳи Исроили яҳуд аст ва ҷосуси он ба шумор меравад, бо дастури Исроил ба душманӣ алайҳи Эрон бархостааст.

Бо вуҷуди инки ҳукумати Тоҷикистон, ҲНИТ-ро нерӯи Эрон медонад ва ҳизби террористӣ баровард, ягон шарики ба истилоҳ стратегии ҶТ аз ҷумла Русия ва Хитой, ҲНИТ-ро террористӣ эътироф накарданд ва ҳамкории ин ду кишвар бо Эрон бештар аз дигар кишварҳост ва ҳатто дар моҳи сентябр таҳримҳои бештар алайҳи Эронро ки Амрико ба шӯрои амният пешниҳод карда буд, вето карданд.

Ҳимояти Русия ва Чин аз Эрон бо вето ва дифоъ аз Эрон дар арсаи байналмилал, далел муҳкаме бар ин аст, ки ин ду кишвари ба истилоҳ дусти стратегии ҶТ, тамоми иддаои ҶТ дар бораи Эронро зерипо гузошта, онро нодида гирифта ва ҳатто аз Эрон ҳимоят мекунанд, чӣ расад ба террористӣ шинохтан!

ҶИЭ ба беадабӣ ва бетарбиятии Э.Раҳмон ба иқдом бархост

Эмомалӣ Раҳмон барои Эрон ба саги ҳорре мемонад, ки “ав-ав” мекунаду коравон мегузарад. Чанд сол алайҳи Эрон суҳбатҳо, филмҳо, иқдомот анҷом дод, Эрон беҷавоб гузошт. Аммо инбор Эрон муҳри хомуширо шикаст ва сафири ҶТ дар ҶИЭ-ро эҳзор кард.

Туфоне оғоз шуд ва қатъан натиҷаи он чизе ҷуз ангушти ҳасрат газидани Эмомалӣ Раҳмон чизи дигаре нахоҳад буд. Расонаҳои Эрон ки то ба ҳол дар ин бора чизе намегуфтанд, дирӯз (25,09,2020) дар чанд сайти хабарии матраҳ дар Эрон монанди Форснюз, алайҳи иқдомоти Тоҷикистон сухан ба миён оварданд. Ва ин оғози роҳ ва туфоне аст, ки қатъан муште бар даҳони Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд, ки даҳонашро хурд хоҳад кард.

Чароки Эрон кишваре аст, ки абарқудратмандтарин кишвари дунёро ба зону дароварда, посухҳои дандоншикане монанди мушакборон кардани пойгоҳи ИМА дар Эроқ ва ... анҷом дода, ки Тоҷикистон пашизе нест ва ҳазорон мисли Тоҷикистонро бо як ташар дар ҷояш хоҳад шинонд.

Инак мунтазири натоиҷи туфони оғозшудаи Эрон ҳастем то бибинем Эмомалӣ Раҳмон ки то имрӯз зургуӣ мекард, зону зада тақозои бахшишу раҳмат дошта бошад!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Эрон сафири Тоҷикистонро дар Теҳрон эҳзор кард.

Сиддиқи Акбар

general.images