Эрон мушакҳои “С-330”-ро аз Русия дарёфт мекунад

Бар асоси гузоришоти расида, дар сафари Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Эрон, баҳси таҳвили мушакҳои “С-300”-и русӣ ба Эрон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Бар асоси гузоришоти расида, дар сафари Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Эрон, баҳси таҳвили мушакҳои “С-300”-и русӣ ба Эрон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, Сергей Шойгу-вазири дифои Русия 21-феврал барои боздид ва мулоқоти расмӣ, бо мақомоти эронӣ, вориди Теҳрон ва бо Ҳусейни Деҳқон, вазири дифои Эрон мулоқот намудааст.

 Бар асоси ин гузориш, боздиди Шойгу аз Теҳрон, дар паи сафари Деҳқон аз Маскав аст, ки 16-феврал сурат гирифта буд. Дар ҷараёни боздиди Маскав ҷонибҳо иҷрои мувофиқатномаҳои моҳи январи соли 2015-ро баррасӣ намуда буданд.

Қарор аст, Эрон аз Русия маҳмулаҳои ҷадиди мушакҳои ҳавоии “С-300”-ро таҳвил бигирад. Дар ин бора, Владимир Кожин – муовини раиси ҷумҳури Русия дар ҳамкориҳои фаннӣ, ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки “қарордод дар бораи мушакҳои ҳавоии “С-300” дар ҳоли иҷрост ва масъалаи пардохти онҳо баррасӣ мешавад”.

general.images