Эрдуғон аз эҳтимоли амалиёти муштараки Туркия, Эрон ва Русия дар Идлиб хабар дод

Тибқи гузориши як рӯзномаи туркияӣ, раисиҷумҳури ин кишвар аз эҳтимоли амалиёти низомии муштараки Анқара, Теҳрон ва Маскав дар Идлиби Сурия ба манзури муқобила бо террористҳо хабар дод.

Ба гузориши рӯзномаи Ҳуррияти Туркия, раисиҷумҳури ин кишвар тайи изҳороте гуфтааст, ки эҳтимоли амалиёти низомии муштараки Туркия, Эрон ва Русия дар Идлиби Сурия вуҷуд дорад.

Ба гузориши Спутник, рӯзномаи туркияии Ҳуррият имрӯз шанбе аз изҳороти Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия аз эҳтимоли амалиёти низомии муштараки ин кишвар бо Эрон ва Русия дар Идлиби Сурия ба манзури муқобила бо террористҳо хабар дод.

Тибқи ин гузориш, Эрдуғон дар ин бора гуфт: “Ҳар оне имкон ва эҳтимоли амалиёти муштарак (Туркия, Эрон ва Русия дар Идлиб) бо таваҷҷӯҳ ба шароит вуҷуд дорад. Ҳеч мушкиле дар ин бора вуҷуд надорад. Тадобири ҷорӣ барои осоиш, шодӣ ва тавфиқи мардуми Идлиб ҳастанд.”

Изҳороти Эрдуғон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ рӯзи панҷшанбе дар Сочии Русия дар нишасти муштарак бо раисони ҷумҳури Русия ва Эрон ширкат кардааст. Ин чаҳорумин нишасти сеҷонибаи раисони ҷумҳури се кишвар буд. Раисиҷумҳури Туркия дар изҳороте дар бораи нишасти Сочӣ бо Ҳасани Руҳонӣ ва Владимир Путин таъкид кард, ки тамаркузи ин нишаст бар бӯҳрони Сурия ва ба вижа вазъияти Идлиб будааст.

Пас аз дидори моҳи сентябри раисони ҷумҳури Русия ва Туркия дар Сочӣ эълом шуд, ки як минтақаи холӣ ва орӣ аз силоҳ ба умқи 15 то 20 километр дар байни хутути тамоси артиши Сурия ва афроди мусаллаҳ дар шимоли ғарби Сурия эҷод хоҳад шуд ва гурӯҳҳои мусаллаҳ ва артиши Сурия аз ин манотиқ ақибнишинӣ хоҳанд кард.

Бар асоси ин тавофуқ қарор буд дар марҳилаи нахуст як минтақаи холӣ аз силоҳ дар атрофи Идлиб эҷод шавад, дар марҳилаи дуввум бояд силоҳҳои вазбен ҷамъ мешуд ва дар марҳилаи баъд ниҳодҳои давлатии Сурия пеш аз поёни соли ҷорӣ фаъолияти худро оғоз мекарданд.

Туркия, ки дар иҷрои ин тавофуқ мутаъаҳҳид шуда буд террористҳоро аз ин минтақа хориҷ кунад, ҳанӯз натавонистааст ба таъаҳҳуди худ амал кунад чаро ки террористҳо бояд то 15-уми октябр аз ин минтақа хориҷ мешуданд вале ҳанӯз дар ин минтақа ҳузур доранд.

general.images