Эмомалӣ Шарипович беҳтар, ё Сооронбой Шарипович?

Сооронбой Шарипович дар суханронии имрӯзаш ҳадиси шарифе аз Пайғамбари азимуш-шаъни Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро оварда, қозиҳо (прокурор, адвокат)-ро аз ҳукми дурӯғ додан, барои пул инсониятро фурухта, бегуноҳеро муҷрим, ва ҷинояткореро бегуноҳ мебароранд аҳли дузах дониста, ҳушдор медиҳад, аммо Эмомалӣ Шарипович бошад, Пайғамбару Ислому масҷиду мадрасаро душман ҳисобида сарсахттарин муборизаро алайҳи онон мебарад.

Эмомалӣ Раҳмон Шарипович касе аст, ки муддати 27 сол аст президенти Тоҷикистон аст. Сооронбой Ҷеенбеков Шарипович президенти Қирғизистон аст, ки чанд соле беш нест ба ин вазифа расидааст. Дар ин навишта бар онем ки байни ду Шарипович як муқоисаи кӯтоҳе анҷом диҳем.

Сооронбой Шарипович имрӯз (11.03.19) дар ҷамъи прокурорҳои Қирғизистон сӯҳбате анҷом дод, ки барои ҳар инсоне қобили таваҷҷӯҳ аст. Аммо Эмомалӣ Шарипович 27 сол аст, ки суханронӣ мекунад, мардуми Тоҷикистон аз дасташ безор шудаанд ва аз суханҳои ӯ чизе ҷуз дурӯғу ваъдаҳои пӯч ба даст намеоранд.

Сооронбой Шарипович дар суханронии имрӯзаш ҳадиси шарифе аз Пайғамбари азимуш-шаъни Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро оварда, қозиҳо (прокурор, адвокат)-ро аз ҳукми дурӯғ додан, барои пул инсониятро фурухта, бегуноҳеро муҷрим, ва ҷинояткореро бегуноҳ мебароранд аҳли дузах дониста, ҳушдор медиҳад, аммо Эмомалӣ Шарипович бошад, Пайғамбару Ислому масҷиду мадрасаро душман ҳисобида сарсахттарин муборизаро алайҳи онон мебарад.

Ба ҳамин хотир аст, ки имиҷ ва рейтинги Қирғизистон дар сатҳи байналмилалӣ болотар аз Тоҷикистон буда ва рӯз то рӯз беҳтар мегардад, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баобрӯтар шуда, шаҳрвандонаш муҳтарам шудаистодаанд, аммо Тоҷикистон бошад, рӯз то рӯз қашшоқтар шуда, дар ҷаҳон беобрӯтар гашта, шаҳрвандонаш аз тоҷик буданашон хиҷилу нодим мешаванд.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Регнум: Президенти Қирғизистон бо таъкид бар ҳадиси шарифе аз Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт, ки "Се навъ қозӣ вуҷуд дорад; ду навъашон вориди дӯзах мешаванд, ва навъи севвум ба биҳишт ворид мешавад! Агар қозӣ тасмими мунсифона ва содиқона бигирад, ҷойгоҳи ӯ дар биҳишт аст. Ва касоне, ки ҳукмро содир мекунанд бидуни инки парвандаро хуб баррасӣ кунанд ё аз ҳақиқат огоҳ бошанд, ҳукми ноъодилонаеро содир кунанд, оташи ҷаҳаннам дар интизорашон аст!".

https://regnum.ru/news/polit/2588369.html

Сиддиқи Акбар

general.images