Э.Раҳмон Тоҷикистонро ба фоҷеа мерасонад; қарзи хориҷии ҶТ наздик ба 3 миллиард доллар!

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 миллиарду 888 милиону 66 ҳазор доллар расид ва ин дар ҳоле аст, ки дар ибтидои соли 2020 ҳастем ва мумкин аст, ки то поёни сол ин қарз ба беш аз 3 миллиард доллар расад.

Аммо суол инҷост, ки ин ҳама пуле, ки Эмомалӣ Раҳмон қарз кардааст, куҷо шуда ва дар чӣ коре сарф гардида аст?

Дар бораи инки ин пулҳо куҷо шуда ва Эмомалӣ Раҳмон онро дар куҷо сарф кардааст, фаҳмиданаш бисёр осон аст ва ҳеҷ ниёзе ба факту далелу бурҳон нест.

Эмомалӣ Раҳмон инсони бисёр чашмгурусна ва ба гуфтаи худаш серталаб аст. Одами серталаб серӣ надорад ва то ҷое, ки марг имконаш диҳад талаб кардан мегирад. Ба ҳамин хотир ӯ ҳамаи ин пулҳоро ба номи халқ аз кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ мегирад, аммо ба ҷои он ки ин пулҳоро барои беҳбуди мамлакат, эҷоди ҷои кор, пешрафти сатҳи фарҳангӣ, иҷтимоъӣ ва саноатии ҷомеа ба кор барад, ба ҳисоби бонки шветсариягии худ рехта, пул меғундорад.

Ӯ ҳамин тавр тамоми пулҳоеро, ки ба номи саҳмия аз халқи Тоҷикистон барои сохтани Роғун ситонда буд, ҳамаи он пулҳоро ба ҳисоби бонкии худ рехт ва то ҳозира ҳатто як калима дар бораи он сухан намекунад ва ҳеҷ кас низ ҳаққ надорад чунин суоле аз ӯ бипурсад.

Тавре ки мегӯянд дар ҳисоби бонкии шветсариягии Эмомалӣ Раҳмон беш аз 14 миллиард доллар аст, ки қатъан Эмомалӣ Раҳмон ин пулҳоро аз ҳисоби халқ, ба номи халқ аз кишварҳои хориҷа қарз карда, ба коми худ ва оилаи серталаби шаҳватронаш истифода бурда, ҳисоби бонкии шветсариягии худро пур кардааст.

Ин палиди нокаси ғоратгари беинсоф намедонад, ки пояш лаби гӯр аст ва агар ба ҷаҳаннам восил шавад, ҳамаи он пулҳои ғундошташуда дар бонки шветсариягӣ аз они шветсария мешавад ва ба халқи Тоҷикистон баргардонда намешавад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Азияплюс: Внешний долг Таджикистана по состоянию на 1 января 2020 года составил $2 млрд. 888,66 млн.

Худо решаи ин номарди нокаси нобакорро бихушконад ва ҳарчӣ зудтар сояи шӯмашро аз сари халқи Тоҷикистон дур кунад!

https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20200310/dostavaite-vashi-denezhki-komu-i-skolko-dolzhen-tadzhikistan

Сиддиқи Акбар

general.images