Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон, вале аҳолии Тоҷикистонро Русия мехуронад!

Эмомалӣ Раҳмон 27 сари соли аст, ки президенти Тоҷикистон аст ва дар ин муддат аҳолии Тоҷикистон азоби сахт кашида, зиндагии ғуломона доранд. Зиндагии ғуломона зиндагие аст, ки мардум дар он фақат барои як луқмаи нон зиндагӣ мекунанд ва аз ҳамаи имконоти зиндагӣ монанди барқ, об, газ, илму таълим, ояндаи корӣ ва умеди ба ояндаи дурахшон маҳруманд.

Тасаввур кунед, дар кишваре ки дар Осиёи Миёна калонтарин истгоҳи барқи обиро дорад, мардумаш аз камбуди барқ ранҷ мебаранд ва дар зимистони қаҳратун, ки танҳо манбаи гарм шудан ва ғизои гарм хурдани аҳолии Тоҷикистон барқ мебошад, аз он барқ маҳрум мешаванд. Чаро? Чун Эмомалӣ Раҳмон мудири нолоиқ ва белаёқат аст ва бо майнушию арақхурии беш аз ҳадде ки дорад ақлаш кам шуда беақл гаштааст.

Агар ҳамин имконот дар ихтиёри кишвари дигаре қарор мегирифт, қатъан ҳам мардумаш аз барқи пурра ва арзон баҳраманд мешуданд ва ҳам ба дигар кишварҳо содир карда манбаи даромади хубе мешуд. Аммо чун Эмомалӣ Раҳмон шуъури мудирият надорад, Тоҷикистон дар буҳрони ҳамешагии бебарқию сармо боқӣ мемонад!.

Гузашта аз барқ, аҳолии Тоҷикистон душвории сахти дигаре дар зиндагиашон доранд, ки ҳалли он ба уҳдаи президентҳо аст. Ва он, таъмини аҳолӣ ба ҷои кор аст. Эмомалӣ Раҳмон президенти нокоромаде аст, ки беш аз ниме аз аҳолии Тоҷикистонро ғуломи рус гардондааст ва мардум барои як луқма нон сиёҳтарин корҳоро бо арзонтарин нарх ва бо таҳқири фаровон дар Русия анҷом медиҳанд.

Мутобиқи гузорише ки мутахассисони пажӯҳишгоҳи тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон ироа додааст, манбаи даромади аслии 62% тоҷикистониҳо, интиқоли пулии хешовандоне аст, ки берун аз кишвар кор мекунанд, мебошад.

Ин аст пешрафте ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии Тоҷикистон овардааст!?

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Регнум: Основным источником существования 62% таджикистанцев являются денежные переводы их родных, которые работают за пределами страны. К таким выводам пришли специалисты Научно-исследовательского института Национального банка Таджикистана по результатам проведённого опроса граждан, в котором приняли участие боле 2,2 тысячи человек.

https://regnum.ru/news/economy/2742001.html

Сиддиқи Акбар

general.images