Эмомалӣ Раҳмон инсоне бисёр паст, худкома ва бераҳм дар гузориши Амрико

Тавре ки мегӯянд : “Офтобро бо доман намешавад пӯшонд” ё “ончӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.

Ин зарбулмасалҳо, бисёр баҷо ва дуруст аст ва бар асоси он метавон инсонро шинохт ва дар борааш хулоса баровард ва ҳеҷ ниёзе ҳам ба факту далел нахоҳад буд. Ба хусус дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 сари сол аст бар курсии раёсатҷумҳурӣ реша давонда ва ҳамаи халқи ҶТ ӯро мешиносад.

Халқ медонад, ки *Эмомалӣ Раҳмон инсони бисёр паст, бедин, нолоиқ, бераҳм, кинатӯз, сафеҳ, камъақл, майнуш, хиёнаткор ба халқ ва ватан бо фуруши замини Тоҷикистон ба Хитой ва як одами ба тамоми маъно тумори саратоние аст, ки бар халқи Тоҷикистон худашро таҳмил кардааст, дар ҳоле ки халқ аз рангу рӯи худаш ва оилаи шаҳватрони серинопазираш безор шуда, шабу рӯз орзуи марг ва решакан шудани ӯ ва атрофиёнашро доранд.

Аммо илова бар инҳо, гузоришҳое ки аз сартосари ҷаҳон ва ба хусус аз созмони ҳуқуқи башар ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мерасад, гуфтаҳои моро таъйид карда, Э.Раҳмонро инсони худкома, режимашро режими худкома медонанд, ки вазифаҳоро байни фарзандону наберагону додарарусҳояш тақсим кардааст.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши наве вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро танқид карда ва гуфтааст, ки ҳукумат мисли солҳои пешин монеи гуногунандешии сиёсӣ шудааст.

Дар гузориши солонаи вазорат дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2019 муаллифони гузориш Тоҷикистонро “давлати худкома” номидаанд, ки дар он “президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш нуфузи сиёсӣ” доранд. Гузоришро рӯзи 11-уми март дар вазорат муаррифӣ карданд. (Озодӣ)

Дар гузориш омадааст, қатлҳои ғайриқонунӣ ва худсарона дар зиндонҳо, рабудани афрод ва ба Тоҷикистон бурдани онҳо бо ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ, истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳо, зиндониёни сиёсӣ, бастани вебсайтҳо, маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет, маҳдуд кардани озодии баёну ҳуқуқи динӣ аз мавридҳои чашмгири нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон будааст. Монеагузорӣ дар роҳи фаъолиятҳои сиёсӣ, вуҷуди фасоду ришвахорӣ ва кори иҷбориву беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсиро аз дигар мавридҳои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар кишвар номидаанд. (Озодӣ)

Манбаъ: https://www.ozodi.org/a/30482280.html

Сиддиқи Акбар

general.images