Эмомалӣ Раҳмон душман ва бадбхоҳи халқ

Эмомалӣ Раҳмон муддати 27 сол аст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст ва дар ин муддат тамоми вазифа ва мансабҳоро байни хешутабор ва ёру рафиқони худ тақсим кардааст. Ӯ худро соҳибҳаққи Тоҷикистон мешуморад ва Тоҷикистонро аз они худ дониста, моли шахсӣ мепиндорад, ки баъд аз маргаш онро ба унвони ирс ба “оила”-и худ бахшиданист!

Унвонҳои зиёде ки то ба имрӯз – пешвои миллат, асосгузори сулҳ, подшоҳи одил, қаҳрамони миллат, наҷотдиҳандаи сайёра, ва ҳазорон унвони дигар – ба пешниҳоди худаш ба ӯ дода шудааст, дар ростои ин аст, ки Тоҷикистонро монанди пулу молу мулк аз они худ кунад ва ба наслаш бибахшад.

Ӯ илова бар инки худро дар майдони рақобати раёсатҷумҳурӣ, ки ҳаққи қонунии ҳар шаҳрванд аст, яккатози бемонанд ва қаҳрамони берақиби Тоҷикистон медонад, ҳар касеро ки ҷуръат кунад номзадиашро ба президентӣ монад, дар дам аз саҳнаи рӯзғор маҳв мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон инсони бисёр худхоҳ, худмеҳвар ва инсони даррандахислати бераҳм аст ва ҳамеша талош мекунад худашро инсони дилсӯзи халқ нишон диҳад, аммо чашмҳои ҳақиқатбин ва дилҳои софу инсонҳои боинсофу бедорвиҷдон ва ҳатто якояки шаҳрвандони Тоҷикистон ин сохтакории Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмида шабу рӯз бар ӯ лаънат мефиристанд.

Ӯ дар ҳақиқат душмани халқи Тоҷикистон ва бадхоҳи онон аст; чароки ҳамеша талош мекунад, тасмимеро бигирад ки ба фоидаи худ ва оилаи худаш бошад, ҳатто агар бар зарари халқи Тоҷикистон бошад.

Ба Иттиҳодияи гумрукие ки ба фоидаи аҳолии Тоҷикистон аст ва дар сурати узв шудани Тоҷикистон дар он, шаҳрвандонаш монанди шаҳрвандони Қирғизистон ки ба осонӣ ба Русия рафту омад карда, бе ягон тарсу ҳарос аз депорт шудан ва беягон мушкилие ҳаққи кор кардан доранд, бархурдор мешаванд, аммо Эмомалӣ Раҳмон чун душман ва бадхоҳи халқи Тоҷикистон аст ва ҳамеша фоидаи худ ва оилаашро бар фоидаи халқ тарҷеҳ медиҳад, аз узв шудан ба ин созмон ҷилавгирӣ мекунад, ки сабабаш сахттар шудани шароити буду бош ва кори муҳоҷирон аст.

Агар Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқатан дилсӯзи халқ мебуд ва фоидаи аҳолии Тоҷикистонро мехост, талош мекард ки шароити кориро ба халқи худ дар Тоҷикистон фароҳам кунад ва рафту омад ва буду бошу кори муҳоҷирони меҳнатии Русияро бо қабул кардани Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё фароҳам намояд, аммо афсус, ки ӯ душман ва бадхоҳи халқи Тоҷикистон аст!

Худо, реша ва пайванди душман ва бадхоҳи халқи Тоҷикистонро қоқ гардонад ва дудмони аждаҳои лояшбаъи Эмомалӣ Раҳмонро музмаҳил намояд!.

Сиддиқи Акбар

general.images