Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 киро барои номзадии раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад кард?

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 киро барои номзадии раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад кард?

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 киро барои

номзадии раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад кард?

   Бахши русии хабаргузории Озодагон бо қалами Марат Мамадшоев, рӯзноманиори тоҷик матлаберо ба нашр расондааст,ки вай зимни ишора ба таъйини Озода Раҳмон ба мансаби нав чунин менависад: “Дар чанд моҳи ахир, се рӯйдоди муҳим дар фазои сиёсии Тоҷикистон рух дода ва ин ҳаводиси ахир, масири интихоботи ояндаи кишвар дар соли 2020-ро муайян месозад.”

  Ӯ меафзояд, ин се рухдоди муҳим, таъйини Озода Раҳмон – духтари Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми муҳимми давлатӣ, вуруди ислоҳот ба Қонуни асосӣ ва қабули қонун дар бораи Пешвои миллат мебошад, ки ҳар кадом мустақиман ба интихоботи соли 2020 муртабитанд.

 Дар идома М.Мамадшоев илова мекунад, ки Catoday.org қаблан дар мавриди таъйин шудани Озода Раҳмон ба мақомҳои болотари давлатӣ, гумоназаниҳое дошт, ки рухдоди ахир, нишон дод, ин гумоназаниҳо беасос набудааст.

  Дар айни замон, Раҳмон нишон додааст, ки қасд надорад ҳамаи тухми мурғҳоро дар як сабад гузорад; зеро дар соли ҷорӣ, ҳамапурсие анҷом хоҳад гирифт, ки бар асоси он, синни номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ поин оварда хоҳад шуд (аз 35 ба 30 сол) ва эҳтимолан ин иқдом ҷиҳати ин аст, ки писари Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020-ум 33-сола мешавад, битавонад дар интихоботи болотарин мақоми кишварӣ номзад бишавад.

  Вале муҳимтарин номзади эҳтимолии интихоботи президентӣ, (агар тибқи маъмули интихоботҳои қаблӣ сурат бигирад) ҳамоно худи раиси ҷумҳури феълӣ хоҳад буд, ки дар ин сурат, барандаи интихобот низ мушаххас аст.

  Дар идома М.Мамадшоев меафзояд, таҷрибаи кишварҳое, ки системаи раҳбариашон наздик ба кишвари Тоҷикистон мебошад, нишон додааст, ки раҳбари ҳукумат ҳамеша дар талош аст қудраташро ҳифз кунад ва мақоми худро аз даст надиҳад. Ба унвони мисол, ба сиёсати Ҳайдар Алиев, ки ҳанӯз дар замони ҳаёташ ҷонишини худро низ таъин намуд ва ё ишора ба достони Сафармурод Ниёзов, ки як сенориюи маъмулӣ барои ин гуна режимҳо ба шумор меравад, метавон ишора намуд.

Ҳамчунин Ислом Каримови пирамард ва ҳамкори қазоқистонии вай Нурсултон Назарбоев низ барои таъйини ҷонишинҳояшон аҷалае нишон намедиҳанд. Ҳарчанд адами таъйини ҷонишин барои атрофиёнашон метавонад мушкилсоз гардад, ҳамчунон ки дар таҷрибаи Туркманбошӣ мушоҳида шуд, ки наздикони эшон пас аз фавти раҳбарашон, на танҳо аз қудрат барканор, балки равонаи зиндонҳо низ шуданд.

  Ба фикри М.Мамадшоев далели рафтори раҳбарони ин ҷумҳуриҳоро на дар вижагиҳои фарҳангиашон ҷустуҷӯ намуд, ҳарчанд ин низ нақши басазое дорад, балки дар бӯҳрони низоми хонаводагӣ ва авлодие, ки дар раъси ҳукуматҳо дуруст шудааст бояд ҷустуҷӯ намуд.

  Дар ҳоли ҳозир, ширкаткунандагони ин низомҳои хонаводагӣ ва қабилаӣ, бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд, ки машруияташон ба далели мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва молӣ бо душвориҳое рӯбарӯ гаштааст.

  Аммо аз тарафе ҳирсу тамаъҳояшон дар ҳоли афзоиш ва манобеи бидуни ин ҳам кам, рӯзбарӯз рӯ ба костӣ ниҳодааст.

  Дар ин ҳолат, барои раҳбарони машрӯъ ҳам назорат ва мудирияти фазои сиёсӣ ва бахусус атрофиёни худ, мушкилтару мушкилтар гаштааст.

 

general.images