Эмомалӣ Раҳмон "гови ширдеҳ" ва фарбеҳ барои Чин

Истилоҳи “гови ширдеҳ” имрӯз дар ҷаҳон бозори гарм дорад ва корбурди фаровоне пайдо кардааст. Иборати “гови ширдеҳ”-ро президенти ИМА Доналд Трамп истифода кард. Трамп чанде пеш сафаре ба Арабистони Саудӣ дошт, ки натиҷаи он қарордоди 500 миллард долларӣ буд ва қарор шуд Арабистони Саудӣ 500 миллиард доллар дар ИМА сармоягузорӣ кунад.

Дар бораи Арабистони Саудӣ ба Трамп интиқодҳои зиёд шуд; чароки 14 шаҳрванди Арабистон дар ҳодисаи 11 сенятбри 2001 дар рабоиши ҳавопаймо ва таркондани манораҳои дугонаи Маркази Ҷаҳонии Тиҷорати Ню Йорк даст доштанд ва ҳам инки дар эҷоди ҷунбиши террористии “ДОИШ” ва ҳимояти молии он саҳмдор буданд ва ҳам инки дар ҳодисаи қатл ва реза-реза кардани Ҷамол Қошуқчӣ- хабарнигор бо далелҳои мустанад муҷрим шинохта шуд.

Аммо Трамп дар ҷавоб ба ҳамаи ин интиқодҳо гуфт, ки Арабистони Саудӣ монанди гови ширдеҳ аст, ки шири фаровон дорад ва бояд шири онро ҷушид. Аз ҳамон замон буд, ки истилоҳи “гови ширдеҳ” падид омад.

Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамон гови ширдеҳе аст, ки Чин то метавонад ӯро меҷушад, ширашро мегирад ва баъд аз инки шираш тамом шавад ӯро забҳ мекунад.

Ин гови ширдеҳ барои Чин то ба ҳол ширҳои зиёдеро додааст. Яке аз ширҷушии Чинро метавон харидани замини Тоҷикистон ва замима кардани он ба Чин донист. Ширҷушии баъдии Чинро метавон конҳои тиллои фаровони Тоҷикистон ва соҳиб шудани ТАЛКО- калонтарин корхонаи Тоҷикистон донист, ки гови ширдеҳ; яъне Эмомалӣ Раҳмон дар ихтиёри Чин қарор додааст.

Эмомалӣ Раҳмон гови ширдеҳе аст, ки то Чин ҳамаи онро наҷушад, яъне то замини Тоҷикистонро ба коми худ фуру набарад, ба пешравии худ ва ҷушидани бисёртари ин гови ширдеҳ давом хоҳад дод.

Худоё, синаи ин гови ширдеҳро бихушкон ва сояи наҳсашро аз сари миллати Тоҷикистон маҳв гардон!

Сиддиқи Акбар

general.images