Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаҷҷи Хонаи Худо Рустамназар Суҳробниё

Раҳмон дар сафараш ба Арабистони Саудӣ, ба ҳаҷҷи Хонаи Худо мушарраф шуда ва дар ин сафар ва анҷоми маносики ҳаҷ,

 

Раҳмон дар сафараш ба Арабистони Саудӣ, ба ҳаҷҷи Хонаи Худо мушарраф шуда ва дар ин сафар ва анҷоми маносики ҳаҷ, вайро ба ҷуз ҳайати расмӣ, ҳамсар ва ду духтараш низ ҳамроҳӣ намудаанд.

Агарчи рафторҳои ин шахс башиддат тааммулбарангез аст, аммо имрӯз вайро ба унвони ҳоҷӣ ва зоири Хонаи Худо муаррифӣ намудаанд.

Оё чӣ чизе боис шуда, ки ин шахс либоси эҳром ба тан намуда ва ҳиҷоб бар сари зану духтаронаш гузошта ва рӯ ба сӯи Хонаи Худо ҳаракат намудааст?

Таҷрибаи 24-солаи ҳукумати вай нишон дод, ки ин шахс барои расидан ба аҳдофаш, аз ягон чиз фурӯгузор намекунад; бинобар ин бархе ҳатто ба аъмоли ҳаҷҷи вай бо диди шубҳа нигаристаанд. Бинобар ин лозим донистем, дар мавриди ин гоми Раҳмон ба таҳлил нишаста ва иллати ин “бозӣ”-и ҷадиди вайро баррасӣ намоем.

 

Ҳаҷ дар Ислом

Ҳаҷ яке аз муҳимтарин ва асоситарин намодҳои ибодат ва убудият дар дини ислом, дар канори рӯзаву намоз ва монанди он аст. Имону исломи мусалмон бо ҳаҷ комил мешавад ва ҳар ибодате дар ислом барои наздик шудан ба Худованд анҷом мешавад ва решаи аҳкоми исломӣ дар тақарруб ва наздикӣ ҷустан ба Худованд аст ва ба ҳамин хотир аст, ки мо мусалмонон пеш аз анҷоми ҳар ибодате ният мекунем, нияти “холисан лиллоҳ” ва “қурбатан илаллоҳ”.

 

Ҳаҷ ёди худо

“Ва дар рузҳои муайян худоро ёд кунед”; (сураи Бақара, ояти 203). Ин оят ва ояти пеш аз он, дар бораи ҳаҷ ва маносики ҳаҷ аст ва ҳамаи муфассирон ҳаҷро ёди Худо донистаанд.

 “Ва мардумро барои ҳаҷ даъват кун, то ба сӯи ту ҷамъ оянд... Номи Худоро ёд кунанд”; (сураи Ҳаҷ, ояти 27−28).

.

Ҳаҷ шаоири Худованд ва асбоби тақвои илоҳӣ

Бешак яке аз нишонаҳои азамати Худо ҳаҷ аст ва ҳаҷ яке аз шаоири илоҳист, ки таъзими он сабаби тақвои инсон мегардад.

“Ва ҳар кас шаоири дини Худоро бузургу мӯҳтарам дорад, ин аз тақводилон аст”; (сураи Ҳаҷ, ояти 32).

 

Сифоти ҳоҷӣ

Ҳоҷӣ касест, ки барои анҷоми ҳаҷ рафта ва Хонаи Худоро зиёрат кардааст. Ҳоҷӣ сифатҳое дорад, ки мавриди баршуморӣ ва татбиқ бар ҳоҷиён бояд гардад.

Ҳоҷӣ аҳли бахшиш, садақа ва некӯкорист ва аз ҳарчи Худованд ба ӯ неъмат додааст, ба дигарон бахусус фуқаро, маҳрумон, ниёзмандон ва бенавоён мебахшад. Ба дигарон кӯмак мерасонад ва кӯшиш мекунад то дасти дигаронро бигирад ва ниёзҳои моддӣ, руҳӣ ва равонии ашхосро бароварда гардонад. Ҳамеша бо мардум аст, барои худ ва дигарон истиғфор мекунад, (Бақара, ояти 199). Дар ҷустуҷӯи фазлу раҳмати ризвони илоҳист ва ҳар коре анҷом медиҳад, барои ризои Худо ва амнияту осоиш ва оромиши бандагони Худованд аст;(сураи Моида, ояти 2).

 

Ёди қиёмат ва эҳтироми ба офаридаҳои Худо

Ҳангоме ки худро дар байни ҳоҷиён ва маросими он меёбад, ба ёди қиёмат ва рӯзи маҳшар меафтад, (Бақара, 203).

Ба дигарон чӣ инсон, чӣ ҳайвону гиёҳ ва дигар офаридаҳои илоҳӣ эҳтиром мегузорад ва хурдтарин беэҳтиромие ба дигарон намекунад ва зарару зиён намерасонад; (сураи Моида, ояти 2).

Муҳити зистро ҳифз мекунад, аз фасоду табоҳии он ҷилавгирӣ мекунад; (Моида, 49).

Аз ҳеҷ кӯмаку некӣ, обрасонӣ, (сураи Тавба, ояти 91) ва дигар корҳои нек дареғ намеварзад; (Бақара, ояти 197).

Дар иҷтимоъ ба гунае рафтор мекунад, ки аз ҳар гуна кибру ғурур ва такаббуру истикбор ба дур аст;  (Бақара, 125, 195; Ҳаҷ, ояти 52 то 72).

Дар ҳамаи аъмоли худ ихлосро дар назар мегирад, риё намекунад, миннат намениҳад; (сураи Бақара, ояти 196 ва Оли Имрон, ояти  79). Аҳли тавалло ва табаррост ва нисбат ба ҳақ тавалло дорад ва аз душманони ҳақ ва аҳли ботилу мушрику кофар эълони безорӣ мекунад; (сураи Тавба, ояти 3). Аз беҳудагӯӣ ва сухани ботил дур аст; (Ҳаҷ, ояти 30).

Инҳо хусусиёт ва вижагиҳои як ҳаҷгузор ва ҳоҷии воқеӣ аст, ки аз назари Қуръон баён шуд. Акнун ин сифатҳоро дар Эмомалӣ Раҳмон бояд ҷустуҷӯ намоем ва бубинем, ки ин шахс салоҳияти ҳоҷӣ буданро дорад ё на ва оё дуруст аст, ки ба ин шахс ҳоҷӣ хитоб намуд?

 

Сифоти Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаҷҷи ӯ

Эмомалӣ Раҳмон манъкунандаи ёди Худост. Ҳадаф аз ҳаҷ бар асоси оёти Қуръон, зикр ва ёди Худо мебошад, аммо Эмомалӣ Раҳмон зикри номи Худоро дар Тоҷикистон манъ кардааст.

Намоз зикри Худост, (сураи Тоҳо, ояти 14); пас касе, ки аз намоз ва зикри Худо манъ мекунад, шоистаи ҳоҷӣ хитоб шуданро нахоҳад дошт.

 

Эмомалӣ Раҳмон вайронгари хонаи Худо

Масҷид хонаи Худост. Ҳар касе масҷидеро мебандад, яъне дари хонаи Худоро мебандад. Манъ кардан аз масҷидҳо, бастани дари масҷидҳо ва вайрон кардани масоҷид ба баҳонаҳои гуногун, яъне вайрон намудани хонаи Худо аст.

Бар ҳама маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир, дари чандин хонаи Худоро баста, ё вайрон карда ва ҳатто табдил ба марокизи фасод намудааст.

Бастани масҷид, манъи азон ва манъи ҷавонон аз масҷид худ манъи зикри Худост, ки Қуръон мефармояд, ин одамҳо золимтаринанд; (сураи Бақара, ояти  114).

Бинобар ин, Рамҳон, ки ба вайронгарии хонаи Худо ва маҳалли намоз ва зикр ва ибодати мардум маъруф аст, оё мешавад ҳоҷӣ ва зоири Хонаи Худо бошад?!

 

Эмомалӣ Раҳмон муҳориби зидди Худо

Бешак яке аз мавориди ҷанги бар зидди Худо рибост ва Қуръон низ дар ин бора таъбири сареҳ дорад; (сураи Бақара, ояти 279).

Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш корашон ва шуғлашон рибо ва рибохӯрист. Ин хонавода дар муқобили пул вазифа ва масъулиятҳои давлатиро ба фурӯш гузоштаанд ва албатта ин матлабест, ки ҳама аз он огаҳӣ доранд ва бар касе пӯшида нест ва намунаи боризи рибохӯриву баноҳақ хӯрдан хоҳад буд.

 

Эмомалӣ Раҳмон ситамгари бераҳм

Аҳаде шак надорад, ки Эмомалӣ Раҳмон ситамгару бераҳм ва золим аст. Ин шахс бар зидди Худо ва шаоири Худо ба ҷангу ситез бархостаст, табиист, ки касе, ки бар алайҳи Худованд қад алам мекунад ва бар ситез бо Худованд даст мезанад, бо Худованде, ки тамоми неъматҳоро арзонияш доштааст, маълум аст, ки нисбат ба дигарон раҳме дар дилаш вуҷуд нахоҳад дошт.

Дар натиҷаи худхоҳӣ, қудратталабӣ, шаҳватпарастӣ ва молу пулпарастии Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон-ҳазор ҷавонон овораю зиндонию куштаю қурбонӣ гаштаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ин мард пасттарини пастҳост ва ба ҳеҷ ваҷҳ сазовори номи Ҳоҷӣ намебошад.

Рустамназар Сӯҳробниё

  

general.images