Эмомалӣ Раҳмон бо ИМА дар фикри доду ситад аст, дар ҳоле ки РФ намехоҳад!

Эмомалӣ Раҳмон бо ИМА дар фикри доду ситад аст, дар ҳоле ки РФ намехоҳад!

Эмомалӣ Раҳмон ба истилоҳи омиёна инсони “чандпагона” аст ва ҳар касе ки ба ӯ пул диҳад ба ҳамон тараф майли ҳамкорӣ ва тарафдорӣ пайдо мекунад.

Намунаи боризи ин сухан, сиёсатҳои чандсолаи ахири Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар як назар андозед, худатон ба осонӣ чандпагона будани Эмомалӣ Раҳмонро дарк мекунед. Эмомалӣ Раҳмон замоне ки Аҳмадинаҷот президенти ҶИ Эрон буд, бо ӯ монанди зану шавҳар буд, даст ба даст карда мегаштанд. Вақте фармон шуд, ҳамаи донишҷӯҳои тоҷики муҳассили Эрон баргарданд, бо як ишораи Аҳмадинаҷот, иддае аз донишҷӯи тоҷики Эронмехондагӣ ба дарсу таҳсили худ идома доданд.

Аммо вақте ки Аҳмадинаҷот аз президентӣ рафт ва пои Арабистон-душмани таърихии ҶИЭ ба Тоҷикистон кушода шуд, ба Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 400 миллион пул доданд, то бо Эрон ба душманӣ бархезад. Э.Раҳмон дарҳол душмани ашаддии Эрон шуд ва дар душманӣ чунон пеш рафт, ки филмҳои ба истилоҳ ҳуҷҷатӣ алайҳи Эрон сохт. Эрон барои интиқом қатъан кори Эмомалӣ Раҳмонро яксара хоҳад кард.

Русия шарики стратегии Тоҷикистон, ё аниқтараш Эмомалӣ Раҳмон аст ва пойгоҳи низомии 201 Русия аст, ки амният ва бақои Эмомалӣ Раҳмон дар қудратро таъмин мекунад. Ба ҳамин хотир Эмомалӣ Раҳмон дастнишондеҳи Русия аст ва агар Русия аз Э.Раҳмон бихоҳад ки бимир, ӯ дар ҳол мемирад.

Иёлоти муттаҳидаи Амрико рақиб ва душмани деринаи Федеросиюни Русия аст. Ба ҳамин хотир чашми дидани Амрико дар Тоҷикистонро надорад, аммо Эмомалӣ Раҳмон инсоне аст, ки ҳам ба наъл мезанад ҳам ба мех. Яъне ҳам аз Амрикро пул мегираду барояш хадамот медиҳад, ҳам аз Русия.

Русия низ аз ин ҳолати гадомонанди Эмомалӣ Раҳмон хаста шудааст ва дар фикри ҷойгузини Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо генерал Кеннет МакКензӣ, раҳбари фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти прзезиденти Тоҷикистон рӯзи 22-уми октябр хабар дод, ки дар мулоқот масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амниятӣ ва вазъи Афғонистон баррасӣ гардидааст.

Сиддиқи Акбар

general.images