Эмомалӣ Раҳмон, бо белаёқатиаш Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии ҷаҳон пок мекунад ва нобуд месозад!

Тоҷикистон ин ҳама қарзро гирифта чӣ кор кард ва чӣ хел мегардонад?

Чанде пеш кишварҳое ки ба Тоҷикистон қарз дода буданд, қарзи худро хостанд ва аз Тоҷикистон дархост карданд, ки қарзҳоро баргардонад. Инак чандто суол матраҳ мешавад:

1-Тоҷикистон барои чӣ ва кӣ се миллиард доллар қарз гирифтааст?

Вақте суҳабт аз Тоҷикистон мешавад, суҳбат аз як нафар ё беҳтараш гӯем як оила аст. Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамаи мақомот ӯро Тоҷикистон мешуморанд ва вақте Тоҷикистон мегӯянд манзурашон Эмомалӣ Раҳмон асту бас.

Чароки мақомоти Тоҷикистон ғуломе беш нестанд ва ба онҳо мансаби вазорату ваколату раёсат барои хидматгорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва оилааш фурухта шудааст. Ин ғуломони ҳалқгабаргуш ки аз каниз зода шудаанд, бо тафаккури ғуломигарӣ рушд карда, озодӣ, шахсият ва арзиши инсонии худро дар ивази ғуломӣ ва хидматгорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон фурухтаанд!

Ғуломон (мақомоти Тоҷикистон) се миллиарду ҳафстад миллион доллар қарз кардаанд, то соҳиби ғуломон- Эмомалӣ Раҳмон- онро гирифта бахшеашро дар ҳисобҳои бонкии шветсариягии худ резад ва бахши дигарашро дар кайфу сафою майнушию арақхурю шаҳватронии худ ва оилаи серношоямаш сарф кунад.

2-Тоҷикистон, ки се миллиарду ҳафстад миллион доллар қарз гирифтааст дар куҷо харҷ кардаст?

Ба ҳамин хотир, то ба ҳол дар Тоҷикистон аз пулҳои қарзшуда, на ягон корхона сохта шудааст ва на барои ободии халқ истифода шудааст, балки фақат дар шикаму зеришиками Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи шаҳватронаш харҷ шудааст.

Се миллиарду ҳафстад миллион доллар ба номи мардум аз созмонҳои қарздеҳи байналмилалӣ ва кишварҳое ҳамчун Чин, Русия ва... қарз шудааст, то барои некуаҳволии мардум истифода шуда, барои мардум корхона сохта шуда, ҷои кор эҷод кунанд, аммо амалан, ба коми Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи шаҳватрони шикамчарони серношоямаш рафтааст.

Агар бахши каме аз ҳамин се миллиарду ҳафтсад миллион долларро барои Роғун харҷ мекарданд, имрӯз ягон хонаи Тоҷикистон бебарқ намебуд ва ҳамаи мардум барқдор мешуданд, аммо чун Эмомалӣ Раҳмони шаҳватрони арақхури камъақл, натавонист мудирият кунад, ҳам пулҳо нопадид шуданд, ҳам халқ дар фақру қашоқию бебарқию камбағалию фалокат ғутавар шуданд.

3-Тоҷикистон ин қарзҳоро чӣ тавр бармегардонад?

Қарзҳоро бояд дар асл Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи шаҳватрону шикамчаронаш бояд баргардонанд, ки ҳамаи пулро онҳо гирифтаанд, аммо чун одами ҳарромзодаи бераҳми худхоҳи палид аст, пулро бар гардани халқ зада, аз халқи камбағал меситонад.

Ба унвони мисол ҳамон тавре ки (Эмомалӣ Раҳмон ва ғуломонаш) ба баҳонаи Роғун саҳмия фурухтанд, ва ба якояки халқи Тоҷикистон доля баста, аз донишҷу, мактабхон, муаллим, подабон, қалавур, ва.... пул ситонданд, аз халқ ду бора пул меситонад ва қарзро бармегардонад, ё заминро ба Чин мефурушад ва худашро аз қарз халос мекунад, ҳамонтавре ки қисмате аз хоки Тоҷикистонро ба Чин фурухта буд.

Халқи Тоҷикистон рӯ ба нобудӣ аст ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи халқро бо сарзаминашон ба Чин месупорад ва номи Тоҷикистонро аз нақшаи сиёсии ҷаҳон пок мекунад.

Лаънати Худо бар Эмомалӣ Раҳмон ва касе ки ӯро зоёнд!

Сиддиқи Акбар

general.images