Эмомалӣ Раҳмон барои манфиати худ саломатии аҳолии Тоҷикистонро дар хатар андохта аст!

Коронавирус дар Тоҷикистон

Ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон фаъоланд, умдатан мустақиман ё аз оилаи Раҳмонанд - монанди Фароз ки домоди президент ӯро раҳбарӣ мекунад ва ширкате аст, ки то ба ҳол чандин нафарро барои ғасб кардани он ба қатл расонда, овора карда, зиндонӣ кардаанд- ё инки ба таври ғайри мустақим ба онҳо бармегардад.

Тамоми ширкатҳое, ки ба оилаи Раҳмон тааллуқ доранд ё зери назари онҳоянд бо Чин қарордод доранд ва то ба ҳол - яъне баъд аз гузашти беш аз ду моҳ аз пайдоиши коронавирус - аз Чин коло ворид мекунанд ва ин дар ҳоле аст, ки тамоми дунё ба хотири тарс аз “коронавирус” равобиташон бо Чинро қатъ кардаанд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи бемантиқаш барои манфиати худ, саломатии ҳамаи аҳолии Тоҷикистонро фидо карда, барои ҷамъ кардани пулу сарвати бештар саломатии ҳамаи аҳолии Тоҷикистонро дар хатар андохтаанд.

Агар коронавирус ба Тоҷикистон ворид шавад - ки ба ақидаи инҷониб кайҳо ворид шудааст - дар замони кӯтоҳ ҳамаи манотиқи Тоҷикистонро фаромегирад; чароки Тоҷикистон ақибмондатарин кишвари дунё аст ва инфраструктураи муқобила бо коронавирусро надорад.

Кишварҳое, ки пешрафтаю қудратманданд, монанди Чин, Ҷопон, Кураи ҷанубӣ ва ... аз ҷилавгирии пахшшавии коронавирус оҷиз мондаанд ва то ба ҳол чандин нафарро дар ин кишварҳо ба коми марг фиристода, ҳазорон нафарро дар бемористонҳои муҷаҳҳаз бистарӣ намудааст, ва ин дар ҳоле аст, ки режими Раҳмон ҳатто тавоноии муолиҷа ё муқобила бо як бемории содае монанди сармохурдагӣ (грипп)-ро надорад, чӣ расад ба коронавирус.

Русия дар ростои ҷилавгирӣ аз коронавирус қонунҳоеро тасвиб кард, ки аз ҷумлаи он манъи вуруди шаҳрвандони Чин ба ин кишвар аст ки иҷро шуд ва ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон ҳануз ҳам баъд аз гузашти ду моҳ аз коронавирус аз Чин коло ворид мекунад ва шаҳрвандони Чин озодона дар Тоҷикистон ба хусус дар ресторанҳо кор мекунанд.

Аммо чаро ҶТ то ба ҳол аз коронавирус хабар надодааст?

Эҳтимоли қариб ба яқин коронавирус кайҳо ба Тоҷикистон ворид шудааст, аммо мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро махфӣ карда, ба мардум эълон намекунанд.

Вақте ки кишварҳои пешрафта ва дурдасте чун Ҷопон, Кураи Ҷанубӣ, Олмон, Итолиё даргири коронавирус шудаанд, кишваре чун Тоҷикистон ки дар бехи Чин аст ва ҳам инки беш аз чандин ҳазор чинӣ ҳануз ҳам дар ҶТ фаъолият мекунанд ва ҳам инки то ба ҳол аз Чин коло ворид мекунад, оё коронавирус надорад???

Коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуда, вале ҳукумат онро ба хотири манфиати худ ва тарсу ваҳшати мардум фош намекунад ва аслан дар ин бора як калима сухан намегуд, мардум ҳам хиёл мекунанд ки ҳама чиз гулу булбул аст.

Гарчӣ коронавирус бемории бисёр хатарнок аст ва бо вурудаш ба Тоҷикистон ба хотири ақибмонда будан ва надоштани зерсохт барои муқобила бо чунин вирусҳое зуд пахш шуда, аҳолии Тоҷикистонро гирифтор мекунад, аммо худи Эмомалӣ Раҳмон сад бор бадтар аз ин коронавирус аст, ки 28 сол аст монанди зулук хуни мардумро мемакад ва Тоҷикистонро ба қашшоқтарин, камбағалтарин, ақибмондатарин ва беобрӯтарин кишвари дунё табдил кардааст.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Регнум: Товарооборот между Таджикистаном и Китаем в январе 2020 года вырос на 88,5% в сравнении с аналогичным периодом 2019 года и составил 82 млн долл. Об этом сообщает «Азия-Плюс» со ссылкой на источник в Агентстве по статистике при правительстве Таджикистана.

Манбаъ: https://regnum.ru/news/economy/2862229.html

Сиддиқи Акбар

general.images