Шӯҳрат Қудратов ҳануз ҳам зири фишор ва таҳдидоти мақомот

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи маъруф, ки тоза аз зиндон озод шудааст, дар саҳифаи фейсбукиаш аз фишори дубораи мақомот алайҳаш хабар додааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Ахбор, Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи маъруф, ки тоза аз зиндон озод шудааст, дар саҳифаи фейсбукиаш аз фишори дубораи мақомот алайҳаш хабар додааст.Қудратов навиштааст давоми 18 рӯзе, ки дар озодӣ қарор дорад, 6 маротиба тафтиш шудааст ва алайҳаш ду протокол тартиб дода шудааст: яке барои гузаштани мӯҳлати шиноснома, дигаре протоколи маъмурӣ тибқи моддаи 479 — барои нофармонӣ ба дархости қонунии корманди милитсия ё дигар шахсоне, ки ба назорати тартиботи ҷамъиятӣ машғул буданд. Шӯҳрат Қудратов навиштааст, ки ӯро ҷарима дар ҳади аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисоб ва ё ҳабси маъмурӣ аз панҷ то 15 шабонарӯз интизор аст. Ӯ гуфтааст ин идомаи ҳамон корҳое аст, ки соли 2014 анҷом ёфта буданд. “Барои он ки соли 2014 тӯҳмат карданд ва ба зиндон фиристоданд ва ҳоло баъди 4 сол боз ҳамон ҳолат такрор мешавад”.Дар охир ӯ наквиштааст “ҳатто баъди озодшавиам (аз зиндон) маро ором намегузоранд. Аз ман чӣ мехоҳанд, нафаҳмидам. Худо довари онҳост”.Шӯҳрат Қудратов,ки узви фаъоли ҲСДТ буд ва яке аз вакилони ҷасуру ҳақгӯ ба ҳисоб мерафт, соли 2014 бо иттиҳоми қаллобӣ маҳкум ба зиндон шуд. Аммо аксарият қазияи ӯро сиёсӣ медонанд, ки мақомот барои ҳимояаш аз Зайд Саидов, аз ӯ интиқом гирифтанд.

general.images