Шӯхию ҷиддӣ пиромуни Забони порсӣ

Бо фарорасии рӯзи 1-апрел, рузи ҳазлу шӯхӣ, бештари тоҷикон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо лаҳни шӯхию ҷиддӣ, таманноҳои худро коштаанд.

Бо фарорасии рӯзи 1-апрел, рузи ҳазлу шӯхӣ, бештари тоҷикон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо лаҳни шӯхию ҷиддӣ, таманноҳои худро коштаанд. Аз ҷумла ҷаноби Дориюши Раҷабиён, матлабе кошта дар сафҳаи Фесбукаш, ба ин мазмун, ки дар пайи талошҳои бебоконаи фарзандони дилсӯзи миллат ва аз ҷумла шумо, ҳамвандони арҷманди гурӯҳи "Забони порсӣ", Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тасмим гирифт, ки номи расмии забони давлатии Тоҷикистон дар Қонуни Асосӣ "порсӣ" бошад ва неъмати хатти порсӣ батадриҷ ба мардуми сарзаминамон баргардонда шавад. Қарор аст ин мусавваба пас аз баррасӣ дар Маҷлиси Миллӣ ба имзои раисиҷумҳур бирасад ва табдил ба қонун шавад. Тоҷикистон як давраи 10-солаи духаттӣ хоҳад дошт, ки дар пайи он хатти пириллик ба торих хоҳад пайваст ва дабираи порсӣ ба ъунвони танҳо расмулхатти забони порсӣ бар ҷойгоҳи муносибаш хоҳад нишаст.

Ин матлаб, агарчи як матлаби шӯхиомез буд, аммо орзуву таманниёти миллионҳо тоҷикистониро баён мекунад ва ин матлаби навиштаи эшон, ҳошияҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод намудааст.

Дар матлаби дигаре, оқои Дориюш навиштааст: Бегумон Тоҷикистон рӯзе ба номи ростини забон ва хатти модарии худ боз хоҳад гашт. Бегумон сардамдорони Тоҷикистон рӯзе аҳаммияти ҳаётии ин гомро дар хоҳанд ёфт, агар баростӣ дар пайи бақои миллат бошанд.

Ба гуфтаи Оқои Дориюш: Изҳори назарҳои зери он шӯхиро бихонанд, ҳатман хоҳанд фаҳмид. Изҳори назарҳо зери “шӯхии сездаҳ”-и имсол гӯёи ин ҳақиқат буд ва нишон дод, ки шумори бисёре аз мардуми Тоҷикистон самимона умедворанд, ки гузор ба хатти порсӣ роҳи мардум ба сӯи уқёнуси донишро ҳамвор кунад ва ба сарзамини мо қавому пойдории бештар бибахшад. То ба он рӯзи мавъуд даст аз ин пайкори фарҳангии ҳаётӣ барнамедорем ва бо омӯзишу густариши дониши порсӣ дар паҳнаи Осиёи Марказӣ он рӯзро наздиктару наздиктар мекунем.

Мо ҳам бо оқои Дориюш умед дорем, ки: Шӯхии мо ҳам чандон ба дур аз воқеъият набуд ва шуданист. Бегумон рӯзе фаро хоҳад расид, ки ин хабарро баҷидд эълом хоҳем кард.

general.images