Шӯрои уламо(шӯрои бединон ва ҷуҳало) баҳонаи хубе барои мубориза алайҳи дин

Шӯрои уламо, ки ба таъбири Эшони Нуриддинҷон росттараш “шӯрои ҷуҳало” аст, ба номи дин, ки худро мудофеи дин медонад, теша бар решаи дин ва Ислом мезанад.

Шӯрои уламо гӯё ниҳоде аст, динӣ, ки вазифааш ҳимоят аз дин ва диндорон аст, аммо дар воқеъ бо ҷуръат метавон гуфт, шӯрои уламо марказе аст ба номи дин, ки алайҳи дин меҷангад ва танҳо вазифааш таъмини амнияти Эмомалӣ Раҳмони бедин ва Саймумин Ятими яҳудӣ аст, ки 10 соли ахир тамоми тамаркузашон ҷанги бо Худо ва Ислом будааст.

Ва ҳамонтавр, ки шоҳид будем дар ҷанги чандаҳсолаи Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим алайҳи дин, Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) ва намодҳои динӣ то ба ҳол беш аз ҳазорон “Хонаи Худо дар замин”-масҷидҳоро бастанд ва ё табдил ба тарабхонаю маркази фасоду рақсу бозӣ карданд.

Дар ҳамаи ин солҳо ба хусус дар чанд соли ахир, Шӯрои уламо бо раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода - инсони худхондае, ки худро мулло тарошида, дузде, ки либоси Ислом пӯшида, амниятии мулҳиде, ки материяро Худо медонад, дарборие, ки дину худояш манофеи дунявӣ, хостаҳои шаҳвонӣ ва қасрҳои бодабда аст, ки ҳамаашро бо изҳори бандагии ноаён ба Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим ба даст овардааст – дар рикоби Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим алайҳи Худо, Ислом, ҳазрати Муҳаммад ва намодҳои дин ҷангид ва медали пушаймонӣ ва ҳасрати абадиро ноил гашт.

Чанд соли ахир, гарчӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим ошкоро бо “хонаҳои Худо дар замин”-масҷидҳо меҷангиданд, сатру ҳиҷоби қуръониро либоси бегона хитоб карда, бо киноя Исломро барои мардум ва фарҳанги Тоҷикистон бегона меҳисобиданд, Абдулқодирзода андаке ақибнишинӣ мекард ва 20 дарсад душмании худ бо Худоро махфӣ мекард ва ба истилоҳ муҳофизакорӣ ва эҳтиёткорӣ менамуд.

Аммо ин бор, ба баҳонаи коронавирус бо камоли вақоҳат ва пардабардории ошкор аз илҳоди худ ва фош намудани чеҳраи динситез ва зидди Исломи худ ба майдон омада, баста шудани масҷидҳоро аз номи маркази динии Шӯрои уламо эълом кард.

Агар бастани масҷидҳо ба коронавирус рабт дошта бошад, чаро то ба ҳол дар бораи баста шудани мактабҳо, дискатекаҳо, марокизи фаҳшою фасод сухане ба миён наёмада, маркази динӣ аввалин шуд бастани масҷидҳоро эълом кард? Оё ин худ далел бар бединии Э.Раҳмон, С.Абдулқодирзода ва Саймумин Ятим нест, ки аввал ба Хонаҳои Худо дар замин ҳамлавар шуда, баста шудани онҳоро аланан эълом карданд??

Сиддиқи Акбар

general.images