Шӯрои уламо Раҳмонро ходими дин ва ҳомии ислом муаррифӣ намуд

Шӯрои уламои тоҷикистон дар баёнияе, ки дар торихи 16 декабр ироа додааст, Эмомалӣ Раҳмонро ходими дин ва ҳомии ислом муаррифӣ намудааст, мо низ ба ҳамин муносибат, тасмим гирифтем, ба чанд намуна аз “хадамоти шоиста”-и ин “ходим ва ҳомӣ” нигоҳе биандозем то бубинем, ки он чӣ хидмате ба дин ва чӣ ҳимояте аз ислом будааст.

Шӯрои уламои тоҷикистон дар баёнияе, ки дар торихи 16 декабр ироа додааст, Эмомалӣ Раҳмонро ходими дин ва ҳомии ислом муаррифӣ намудааст, мо низ ба ҳамин муносибат, тасмим гирифтем, ба чанд намуна аз “хадамоти шоиста”-и ин “ходим ва ҳомӣ” нигоҳе биандозем то бубинем, ки он чӣ хидмате ба дин ва чӣ ҳимояте аз ислом будааст.

  • Бар ҳамагон маълум аст, ки беш аз чандсад масҷид дар сартосари Тоҷикистон, ба баҳонаи санад надоштан, фитнаомез будан, ихтилофбарангез будан, баста шуда ва дар ниҳоят, ба клубҳову марокизи рақсу бозӣ табдил шудаанд. Ҳоло, суол инҷост ки оё бастани дари масҷид, хидмат ба дину ҳимоят аз ислом ҳисобида мешавад?!

  • Наврасону ҷавонон аз рафтан ба масҷиду намоз хондан ва ибодати Парвардигор манъ шудаанд ва дар сурате ки ба нақзи ин қонун мукарраран даст зананд, аввал ба ҷаримаи нақдӣ, сипас, ба чанд моҳ боздошт, сипас ба дигар муҷозотҳо гирифтор мешаванд. Ва суол ин аст, ки оё ин хидмат ба дину ҳимоят аз ислом аст ё баръакс?

  • Ҳиҷоб ва сатре, ки аз заруриёти дин буда ва Қуръон дар сураи Нур ва Аҳзоб онро фарз гардондааст, ба баҳонаи либоси миллӣ набудан ва ташобуҳ ба либоси бегона мамнӯъ шуда ва бонувони боҳиҷоби миллати мо ба ҷурми ҳиҷобпӯш будан, аз кору мактабу донишгоҳ ронда мешаванд; оё ин хидмат ба ислом ва ҳимоят аз дин аст?

  • Қонуни озодии виҷдон, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, на дар ҷои кор, на дар роҳ ва на дар дигар ҷо намозашро хонад, намозе, ки фарзи Худованд аст ва дар Қуръон ба он таъкидоти фаровон шудааст! Оё монеъ шудан аз фаризаи илоҳӣ хидмат ва ҳимоят аз ислом аст?

  • Мамнӯияти риш гузоштани мардони зери 45−50-сола, бо вуҷуди он ки дар ислом барои риш аҳамияти зиёде қоил шудаанд ва ҳар ҷавонони мусалмон барои гузоштани риш ташвиқ мешавад ва риш гузоштан аз суннатҳои Набии Мукаррами Ислом(с) аст, оё қонуни манъи риш хидмат ба дин ва ҳимоят аз ислом аст?

 

Дар идома лозим донистем ба чанд намуна аз оёти Қуръон, ки ишора ба авоқиби дардноки душманикунандагон ва душманони дини Худо ворид шуда, назаре биандозем, то рӯшан шавад, ки кӣ ҳомиву ходим ва кӣ душману муҳориб аст.


Манъ кардани сохтусоз ва ободонии масоҷид ва оқибати онон дар Қуръони Карим

Худованд дар мавриди касоне, ки монеи ободонии масоҷид гашта ва барои вайрону валангории масоҷид мекӯшанд, ҳушдор дода ва мефармояд: “Кист ситамкортар аз он ки нагзошт, ки номи Худо дар масҷидҳои Худо бурда шавад ва дар вайрон сохтани онҳо кӯшид? Раво нест дар он масҷидҳо ҷуз бимноку тарсон дохил шаванд ва насибашон дар дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст!” – сураи Бақара, ояти 114.


Муҳорибон ва душманони Худованд аз дидгоҳи Қуръон

Бешак касоне, ки масоҷидро вайрон мекунанд ва монеи намозу рузаву ҳаҷ ва ҳиҷобу соири ибодоти мардум мешаванд, ошкоро бар зидди Худованд бар ҷанг бархостааанд, ки дар истилоҳи Қуръон ба онҳо муҳориб гуфта мешавад. Аз назари Қуръон ҷазои чунин фарде бисёр сангин аст, он гуна ки дар ояти зер ба он ишора шудааст: “Ҷазои касоне, ки бо Худо ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, он аст, ки кушта шаванд ё бар дор овехта гарданд ё дастҳову поҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Инҳо расвоияшон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азобе бузург гирифтор оянд” – сураи Моида, ояти 33.


Умед аст, хонандаи гиромӣ худ қазоват бинамояд ва ташхис диҳад, ки ходим ва ҳомии дини Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон имрӯз ба чӣ корномаҳо ва хадамоте даст зада ва чӣ “савобҳо”-еро насиби худ гардонида ва чӣ оқибате ӯ ва пайравону ситояндагонашро дар интизор аст.

Бо Худо ва дини Худо рост бошем.

(Таҳияи Рустами Сӯҳроб ва Муҳаммадҷон Акбарзод)

 

 

general.images