Шукурҷон Зуҳуров дар порлумони Кувейт дар мавриди зарурати қонун дар бораи Пешвои миллат сухан гуфт

Шукурҷон Зуҳуров дар порлумони Кувейт дар мавриди зарурати қонун дар бораи Пешвои миллат сухан гуфт

 Раиси порлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров дар назди вакилони парламенти Кувайт дар бораи зарурати қабули қонун дар бораи “Пешвои миллат” суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, 22-юми декабр, Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони кишвар, дар назди вакилони Маҷлиси Умма – порлумони Кувейт, зимни суханронии худ, асосан ба зарурат ва аҳамияти тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” пардохтааст.

Аз ҷумла, вай дар ин суханронӣ, бо ишора ба дастовардҳои давлати Раҳмон ва хадамоти вай, гуфтааст: “Дар таърихи навини халқи тоҷик, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста намудааст”.

Ҳамчунин дар идома, раиси порлумони Кувейт Марзуқ Алӣ Ғоним низ ин рухдодро ба тоҷикон табрик гуфтааст.

Аммо ҷамъе аз соҳибназарони кишвар зимни эътироз аз ин рафтори тамаллуқомез ва чоплусонаи намояндаи давлатӣ, эҳсоси нохушояндӣ намуда бо ишора ба масали “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад” - гуфтаанд, Зуҳуров бо ба намоиш гузоштани руҳияи тамаллуқкоронаи порлумон, дар назди хориҷиён ва дар як кишвари бегона, обрӯи тоҷиконро дар арсаи байналмилал аз байн бурдааст”.

general.images