Шоҳрух Саидзода дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба мансаб расид

Дӯсти наздики Рустами Эмомалӣ, фарзанди Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҷаноби Шоҳрух Саидзода дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба мансаб расидааст.

Дӯсти наздики Рустами Эмомалӣ, фарзанди Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҷаноби Шоҳрух Саидзода дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба мансаб расидааст.

Бар асоси гузоришот, Шоҳрух Саидзода, президенти 29-солаи бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе, ки фарзанди ҷаноби Абдуфаттоҳи Ғоиб - раиси Хадамоти гумрук, дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мансаб гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони мақомоти Вазорати умури дохилӣ, Шоҳрух Саидзода як ҳафта қабл муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шудааст.

Аммо ба иттилои мақомоти ин вазорат, ҷаноби Саидзода дар гузашта, дар мақомоти умури дохилӣ кору фаъолияте надоштааст.

Гуфта мешавад, Шоҳрух Саидзода, ки фориғуттаҳсили факултаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, рутбаи майори милисаро касб намудааст.

Ба гуфтаи огоҳон, Шоҳрух Саидзода аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ буда, ба таъкиди худи Саидзода, вай бо фарзанди президент дар як мактаб таҳсил намуда ва бо ҳам дӯстони наздик ҳастанд ва пештар низ, Шоҳрух Саидзода ва Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкор буда, Рустами Эмомалӣ, президент ва Саидзода узви Кумитаи иҷроия федератсия будаанд.

general.images