Шодиофаринии қаҳрамони тоҷик дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон

Қаҳрамони воқеии қиссаи мо варзишгари мазлуми тоҷик аст, ки мақомот мехостанд номи пуровозаи ӯро бо ду сол маҳрум кардан аз мусобиқот нобуд кунанд, бале, Устод Комроншоҳи Устопириёнро мегӯям.

Дар рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон аз ду фарди машҳури тоҷик ба мардум ду хел эҳсос бахшида шуд. Ин ду шахси машҳур бо амали худ ҳар кадомашон бар ҳамаи аҳолии Тоҷикистон эҳсосеро бахшиданд. Яке эҳсоси шодию хурсандию обрӯдорӣ, ва дигаре эҳсоси ғаму андӯҳу ҳузну беэҳтиромӣ. Он яке қаҳрамони воқеӣ аст, ки дар саҳнаҳои байналмилалӣ дили аҳолии Тоҷикистонро саросар шоду хандон кард ва он дигаре, ки худро қаҳрамон мехонаду қаҳрамонии худро бар мардум таҳмил мекунад ва ҳамаро бо зару зуру тазвир маҷбур мекунад, ки ӯро қаҳрамон хонанд, дили мардумро саросар хуну ҳузну андӯҳ кард.Қаҳрамони воқеии қиссаи мо варзишгари мазлуми тоҷик аст, ки мақомот мехостанд номи пуровозаи ӯро бо ду сол маҳрум кардан аз мусобиқот нобуд кунанд, бале, Устод Комроншоҳи Устопириёнро мегӯям, ки бо тӯҳмате ки бар ӯ заданд мехостанд нобудаш кунанд, аммо ӯ бо вуҷуди талоши ҳамаҷонибаи мақомоти тоҷик, ки саъй дар нобудии номи ӯ доштанд, на танҳо нобуд нашуд, балки ба қаҳрамонии Осиё ва ноибқаҳрамонии ҷаҳон дар варзиш расид, ки то ба ҳол ӯ аввалин тоҷик аст, ки ба чунин ифтихороте ноил омадааст. Бале, ин қаҳрамон Комроншоҳи Устопириён аст, ки дар рӯзи аввали Рамазон бо медали тилло ва қаҳрамонии худ дар Осиё дили мардуми тоҷикро шод карда, рӯзаи Рамазонро бар комашон ширин гардонд. Аммо қаҳрамони худхондаи қиссаи мо Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба ҷуз зиллату хорӣ ба мардуми тоҷик ҳеҷ армағони дигаре наовард ва миллати тоҷикро ба қашоқтарину бесаводтарину беобрӯтарин миллати ҷаҳон табдил кард. Ин қаҳрамони худхонда, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон, ки мардум рӯзадор буданду аз ширинии шодиофаринии Устопириён ширинком буданд, бо оби лойолуду ботлоқмонанд, дили мардуми рӯзадорро ранҷонду шодии онҳоро бар ғам мубаддал сохт. Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, унвони қаҳрамони гуштии дзюдои Осиё алакай дувумин пирӯзии Комроншоҳи Устопириён дар камтар аз ду моҳи охир баъди муҷозоти ин паҳлавон аз сӯи масъулони варзиши Тоҷикистон барои як моҷароест, ки бо ин паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи гуштии "Ҷоми Душанбе 2017” пеш омад.Инҷониб шахсан аз тарафи худам ба ин қаҳрамони тоҷик, Устопириён, ки дили мардумро шод гардонд, табрику муборакбод арз намуда, муваффақиятҳои беш аз пеш дар ҳамаи умури зиндагиро барои ӯ хоҳонам ва аз самими дил дуогуи он ҳастам, ки қаҳрамони худхондаи озордиҳандаи аҳолии Тоҷикистон (Э. Раҳмон)-ро беш аз пеш дар хорию хиффату зиллат бинаму бо суқуташ ширинком гардем.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images