Шиносоӣ ва боздошти чанд “доишӣ” дар Қирғизистон

Ҳашт нафар узви гурӯҳи террористии ДОИШ дар Қирғизистон, мавриди шиносоӣ ва боздошт қарор гирифтаанд.

 


Ҳашт нафар узви гурӯҳи террористии ДОИШ дар Қирғизистон, мавриди шиносоӣ ва боздошт қарор гирифтаанд.

Вазорати умури дохилаи Қирғизистон аз боздошти ҳашт нафар аз аъзои  гурӯҳи террористии ДОИШ хабар дод, ки ба қатлу ғорат ва зӯргирӣ муттаҳам буда ва ду тан аз онон шаҳрвандони кишвари Ӯзбакистон будаанд.

Ба гузориши сойти "Islam SNG", Вазорати кишвари Қирғизистон эълом кардааст, ки 4 нафар аз ин афрод, қаблан дар Сурия,  дар таркиби гурӯҳи террористии ДОИШ давраҳои омӯзиширо фаро гирифтаанд. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ду нафар аз афроди боздоштшуда, ки 27 ва 20-сола, аҳли ҷануби Қирғизистон ҳастанд, ду сол пеш, аз тариқи Туркия вориди хоки Сурия  шуда, пас аз фарогирии давраҳои омӯзишӣ дар урдугоҳи низомии шаҳри Лозиқия барои ҷазби нерӯ ва ҷамъоварии кӯмаки молӣ барои ДОИШ, ба Қирғизистон бозгаштаанд. Ин афрод, умдатан аз атбои хориҷӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон, ки дорои мағоза ё марокизи тиҷорӣ будаанд, ба баҳонаи кӯмаки молӣ  барои гурӯҳи ДОИШ ба зӯр молу пул меситонданд, ки аз тарафи нируҳои амниятии Қирғизистон шиносоӣ ва боздошт шудаанд.

Мақомоти амниятии Қирғизистон, теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар урдугоҳҳои гурӯҳи террористии ДОИШ дар Сурия ва Ироқро 500 нафар эълом кардаанд, ки наздик ба 70 нафар аз онон то ин вақт кушта шудаанд.

(Таҳияи Муҳаммадҷон Акбарзод)

 

general.images