Шикояти корбаре ба Эмомалӣ Раҳмон аз зулму таҷовузи КДАМ дар комментҳои Озодӣ !

Шикояти корбаре дар комментҳои Озодӣ аз зулму таҷовузи КДАМ

Корбаре дар Радио Озодӣ дар комментҳои зери мақолаи "Наздиконашон мегӯянд, мақомот ду узви собиқи ҲНИТ-ро боздошт кардаанд" ба Эмомалӣ Раҳмон нома навишта аз ӯ хостааст, ки ба зулм ва таҷовузи КДАМ ва кормандони полис назар афканад ва ба ин аъмоли зишти ғайриинсонии мансабдорон хотима диҳад. Гарчӣ ман медонам ҳамаи ин зулму таҷовуз ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ аз худи Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, аммо аз боби додхоҳӣ ва фарёдхоҳӣ ба Эмомалӣ Раҳмон хитоб мекунам!

Корбар дар нома хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон навиштааст,

пиру ҷавони бегуноҳамонро ба зиндонҳо кашонда истодаанд

занону модарону духтаронро зулм ва таҷовуз кардаистодаанд

Занону фарзандоне, ки падаронашон зиндонӣ шудаанд, гуруснаву ташна мондаанд

кӯчаву хиёбонҳо пур аз гадову гурусна шудааст!

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам ба вазъияти имрӯзаи кишвар расидагӣ шавад!

Имрӯзҳо тамоми кишварро зулм фарогирифтааст бозорҳо, шаҳрҳо, қишлоқҳо, тамоми минтақаи Тоҷикистон нотинҷ шудааст, мардуми мо аз дасти кормандони полис хаста ва беамон шудаанд!

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, сабри мардум лабрез шудааст, илтимосона хоҳиш мекунам худатон шахсан як фикре баҳоли мардум намоед! Маҷбур шудам ин пайғомро бинависам то ба гӯши шумо бирасад, мо халқи тоҷик дигар ҳеч ҷиз намехоҳем баҷуз оромӣ дар амният озодона зиндагӣ кардан!

Охир тамоми дунё тамоми пешравиҳоро дорад, мо то ба кай бо ларзу тарс зиндагӣ кунем ба муқадасотамон беҳурматӣ карданд чизе нагуфтем, ба занон зургӯӣ карданд чизе нагуфтем, илтимос мекунем дигар бас аст!

Муҳтарам ҷаноби Олӣ, бовар кунед мардум безор шудаанд, дуздону ғоратгарон озодона гаштаистонаанд мардуми бегуноҳ дар азобу хитобанд!

Ҳамсояҳои мо ба хотири инки намоз мехонанд, масҷид мераванд мо медонем онҳо бегуноҳанд ва зиндагии содае доранд ба туҳмати террористӣ...гуфта бурда латукӯбашон карданд, баъдҳо бегуноҳ буданашон маълум шуд ҳоло озодашон карданд ман яқин дорам, ки ба монанди инҳо аксарияти мардуми бегуноҳамон ҳамин рӯзҳо бо ҳамин туҳматҳо дар азобанд!

Илтимос байни гунаҳгорон ва бегуноҳон фарқ гузошта шавад, ба инсонҳои бегуноҳ зулм нашавад, кормандони полис омада дар хонаҳо занони бегуноҳро бо зарбу лат маҷбур мекунанд, ки дар клипҳо баромад карда, дурӯғгӯӣ кунанд!

Умед дорам бо ёрии Худованди Бузург битавонед вазъи кунунии кишваро битавонед ором кунед, муҳтарам ҷаноби оли Эмомалӣ Раҳмон!

(Аз суи як бандаи ночизи Худо.... https://www.ozodi.org/a/du-uzvi-peshini-hizbi-manshudai-nahzatro-burdaand/30769155.html )

Сиддиқи Акбар

general.images