Шикасти Тоҷикистон аз Чин дар як бозии дӯстона

Футболбозони Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи миллии ҷавонони Чин шикаст хӯрданд.

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз миллипӯшони ҷавони Чин бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд,Ба гузориши ТоҷикТА, ин бозӣ дар чорчӯби омодагӣ ба охирин бозии даври муқаддамотии Ҷоми Осиё – 2019, ки рӯзи 27 март барпо хоҳад шуд, баргузор шудааст.Чуноне ки Федеросюни футболи Тоҷикистон пештар гузориш дода буд, миллипӯшони ҷавони тоҷик дар Чин машқу тамрин мекунанд.Шикаст аз ҷавонони Чин ба Ҳаким Фузайлов, сармураббии миллипӯшони Тоҷикистон нишон дод, ки дастаи миллӣ бояд кадом равишу тарфандҳоро бештар машқу тамрин кунад.Дастаи миллии Тоҷикистон рӯзи 27 март дар Манила бо Филиппин бозӣ хоҳад кард. Ин охирин бозии миллипӯшони тоҷик дар чорчӯби даври муқаддамотии Ҷоми Осиё – 2019 хоҳад буд.

general.images