Шикасти режими Раҳмон дар манъи иштироки ҲНИТ дар нишасти Варшава

Иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар Варшава бо вуҷуди ҳамаи тавоноие ки режими Раҳмон ба кор бурд то аз он ҷилавгирӣ кунад, шикасте аст барои режими Раҳмон.

Режими Раҳмон режими худкома, золим, ноодил, бераҳм ва диктаторие аст, ки ҷаҳониён бар он яқин пайдо кардаанд. Ба ҳамин хотир аст, ки ин режим худро пора мекунад то аз нишасти Кабирӣ дар Варшава ҷилавгирӣ кунад, аммо ҳеҷ кас ба ҳамаи сохтакорию спектакле ки бо рехатни юпӣ дар сари модари гумонбари ҳамла ба сайёҳон, миттинги ҷавонон ва омадани милиса ва... эҷод кардаанд, натанҳо гӯш намекунанд балки ҳатто аҳаммият ҳам намедиҳанд.Ин дар воқеъ як шармандагие аст барои режими Раҳмон, ки ҳеҷ кас ба он гӯш намедиҳад. Режими Раҳмон монанди саге мемонад, ки ав-ав мекунад, аммо корвон ба он аҳамият надода кори худро пеш мебарад.Иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар Варшава бо вуҷуди ҳамаи тавоноие ки режими Раҳмон ба кор бурд то аз он ҷилавгирӣ кунад, шикасте аст барои режими Раҳмон, ки шармандагияшро бештар аз пеш мекунад ва бар золиму бераҳму ноодил будани Э.Раҳмон ва Саймумин Ятимов таъкид мекунад.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images