Шикасти охири Э.Раҳмон аз халқ, навидбахши пирӯзӣ ва оғози поёни зулми ӯст

Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш як спекталбозӣ кард, ки дар он шикасти сангине хӯрд. Шикасти ӯ сабаб шуд дар дилҳои мардум ва муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ нури умед пайдо шавад ва навиди пирӯзиро ба армағон оварад.

Эмомалӣ Раҳмон гумон намекард, ки чунин шикасти сангине хӯрад ва ба хостаи мардум, ки мухолифи хостаи ӯст, сари таъзим фурӯд орад. Ӯ мутакаббиру худписанду худхоҳ ҳаст ва дар тӯли 27 соли ҳукуматш як бор ҳам нашудааст, ки хостаи мардумро бар хостаи худ тарҷеҳ диҳад, вале ин бор – дар асари иттиҳоди мардум алайҳи сиёсати пешгирифтаи ӯ - гардани ғафсаш шикаста шуд ва маҷбур шуд аз хостаи худ ақибнишинӣ кунад ва дар муқобили хостаи мардум зону зада, сари таъзим фурӯд орад.

Инак мардум умедвор шуданд ва амалан дарк карданд, ки ба ҳар андоза ки диктатору золим бошӣ, дар баробари иттиҳод ва якҷоягии мардум ночизӣ ва шикаст мехӯрӣ. Ин пирӯзӣ сабаб шуд мардум ба мубориза умедвор шаванд ва бо баёни эътирозҳои худ ҳуқуқи худро дархост кунанд ва ба он расанд.

Ин пирӯзӣ нишонгари заъиф шудани Эмомалӣ Раҳмон ва оилааш аст, ки аз ин пас эътирозҳо алайҳи сиёсатҳои нобахирадона ва аблаҳонаи ӯ зиёд шавад ва суқуту сарнагунии ӯ наздик гардад.

Чӣ хеле ки мегӯянд, ҳар аввале охир ва ҳар оғозе поён дорад. Диктаторӣ ва зулми беҳади Э.Раҳмон оғозе дошт, ки ҳатман поёне низ хоҳад дошт. Ва пирӯзии ахири халқ муқобили Э.Раҳмон оғози поёни зулми Раҳмон, сарнагунии ҳукумати бехосияти ӯ ва нобудии он аст.

Сиддиқи Акбар

general.images