Шиканҷаи КДАМ зиндониро ба орзуи марг расонд!

Шиканҷаи ниҳодҳои низомӣ монанди КДАМ, УБОП ва... зиндониро ба орзуи марг расонд!

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба раҳбарии кофиртарин ва номардтарин шахси Тоҷикистон; Саймумин (арзандтараш Сайкофир) Ятимов дар моҳи июни 2020 мавҷе аз шикорро ба роҳ андохт, ки то ба ҳол идома дорад, таййи он беш аз ҳазор нафар боздошт шуда, таҳти шадидтарин шиканҷаҳо қарор гирифтанд.

Манбаъе, ки нахост номаш фош шавад ба Востокнюз гуфт, яке аз он боздоштшудаҳо, ки чанд моҳ аст ҳанӯз суд нашудааст, таҳти шиканҷа қарор дорад, орзӯи марг кардааст.

Манбаъ мегӯяд ӯ дар боздоштгоҳ ба касалиҳои қанд, фишори хун (давления), дилзанак, меъдадард, сардарди шадид ва даҳҳо касалии дигар гирифтор шуда, шадидан бемор аст ва анқариб аст, ки бимирад.

Манбаъ дар идома афзуд, ҳарфи аввали ном ва фамилияи шахси мазкур бо С.С. аст, ки аз шиддати шиканҷа безор аз ҷон шуда, орзуи марг карда, ба қассобон (шиканҷагарон)-и КДАМ гуфтааст, зудтар ё маро зиндон кунед, ё бикушед!

Сиддиқи Акбар

general.images