Шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ, аз забони Ҳаит ва Ёров

Ҷамшед Ёров, вакили дифоъи Маҳмадалӣ Ҳаит бо пахши як изҳорот аз ҷо доштани шиканҷаи саросарӣ дар муассисаҳои зертобеъи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон хабар додааст, ки худаш шоҳиди он будааст.

Ҳамчунин ин вакили дифоъ як видеое нашр кардааст, ки дар он Муҳаммадалӣ Ҳаит аз чӣ гуна боздошт шудан ва шиканҷа шуданаш дар боздоштгоҳ нақл мекунад. Ҷамшед Ёров мегӯяд муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ фоидае надорад ва бояд ба созмонҳои байналмиллалӣ муроҷиат шавад.Қаблан сомонаи “Фергана” дар такя ба наздикони Мӯҳаммадалӣ Ҳаит аз вахим шудани вазъи саломатии ӯ дар натиҷаи хурӯҷи дарди ҷигар ва гурдааш навишта, бонги хатар зада буд, ки дар сурати нарасонидани ёрии таъҷилии тиббӣ, имкони фоҷеъа вуҷуд дорад.Изҳороти Ҷамшед Ёров ба шакли зер аст:Бад шудани вазъияти саломатии Маҳмадалӣ Ҳаит ин натиҷаи амалҳои мақсадноки Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҷисман нобуд кардани мухолифини сиёсӣ мебошад.Дар муассисаҳои зертобеъи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ВА ҶТ, алалхусус дар муассисаи тафтишотии рақами 1, ёрии тиббӣ ба маҳбусону гумонбаршудагон умуман расонида намешавад.Ман худ шоҳиди он будам, ки ҳангоме, ки яке аз нафарони бо мо дар ҳуҷрабуда шикояти дарди шикам кард, чи хел зери латукӯби табиби муассисаи тафтишотӣ қарор гирифт. Ҳол он, ки ӯ фақат бо гумони рабудани автомашина дар он ҷо нигоҳ дошта мешуд.Акнун худ қазоват кунед, ки агар боздоштшудаи сиёсӣ Маҳмадали Ҳаит шикоят кунад чӣ ҳол мешавад?Дар ин навор Маҳмадалӣ Ҳаит оиди дастгиршавӣ ва латукӯбаш сухан меронад.Муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон оиди расонидани ёрии тиббии лозима заррае фоида надорад. Касе аз ҳукуматдорони ҳозираи кишвар ба ин манфиатдор нест, на сардори муассисаи тафтишотӣ, на прокурор оиди назорат аз болои муассисаҳои ислоҳӣ, на Омбудсмен ва на «кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон».Мо бояд ба мақомоти байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқ ва корпусҳои дипломатӣ муроҷиат намоем.Маҳмадалӣ Ҳаит, ҳарчанд дар маҳбас бошад ҳам, қадру қимати у аз 1000 мансабдорони хоин болотар аст!Бояд ба ӯ ёрӣ дод!

general.images