Шеъри шоири тоҷик дар бораи Фаластин бо унвони "Қиблаи нахустин"

Рустам Ваҳҳоб шоир ва пажуҳишгари тоҷик ва муъаллифи се китоби шеър, инак шеъре дар бораи Фаластин сурудааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Садои Хуросон, Рустам Ваҳҳоб шоир ва пажуҳишгари тоҷики дорои дараҷаи доктораи адабиёт ва муъаллифи се китоби шеър, инак шеъре дар бораи Фаластин сурудааст.Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.Вай аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.Шеъри Рустам Ваҳҳоб дар бораи Фаластин бо унвони "Қибалаи нахустин"-ро бихонед. ҚИБЛАИ НАХУСТИН Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам,Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам,Аз маломати виҷдон дард мекунад динам. Сангҳои хунолуд, сангҳои хунолуд,,.Ҳар шаб аз канорони дил ситора мечинам.Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,Лолаҳои захми ту – муҳри Оли Ёсинам.Новгони Озодӣ то ба гил фуру биншаст,Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам.(1)Эй башар!Тафовутро бас азим меёбамЗ-он ки ту ҳамегӯйӣ то ман он ки мебинам.Пойгоҳи меъроҷ,эй хоки поки Озодӣ,Обрӯ зи ту дорад осмони рангинам.Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хунДаст мебарад Ҳуре(2) сӯйи қалби сангинам.Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам…___ 1. Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез. – Ҳофиз.2.Ҳур – фариштаи офтоб.

general.images