Шаҳрвандони тоҷик, ба дунболи кор дар Қазоқистон

Ҳудуди 534 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи ахир, кишварро ба мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ тарк намудаанд, гузориш медиҳад, хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ.

Ҳудуди 534 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи ахир, кишварро ба мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ тарк намудаанд, гузориш медиҳад, хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ.

Аз ин ҷумла, шаҳрвандоне, ки кишварро ба манзури муҳоҷирати меҳнатӣ тарк намудаанд, беш аз 471,6 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 62,2 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.

Бар асоси гузориши Азия плюс, ҳудуди 523 ҳазор нафари онон ба кишвари Русия муҳоҷират намудаанд; дар ҳоле ки дар соли гузашта 620 ҳазор нафар ба ин кишвар муҳоҷират намуда буданд ва оморҳои имсол коҳиши муҳоҷират ба Русияро нишон медиҳанд.

Ҳамчунин беш аз даҳ ҳазор нафар аз шаҳрвандон дар муддат замони январ то ноябри соли ҷорӣ, ба кишвари Қазоқистон муҳоҷират намудаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта ин омор се ҳазор нафар бештарро нишон медиҳад.

Дар зимн, тӯли ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, беш аз 360 ҳазор нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик ба Тоҷикистон муроҷиат намудаанд, ки аз ин маҷмӯа, 349 ҳазор нафарашон аз Русия ва 11 ҳазор нафар аз кишвари Қазоқистон ба кишвар бозгаштаанд.

Бар асоси омори расмии Хадамоти муҳоҷиратии Русия, то торихи 4-декабр, дар маҳдудаи Федератсияи Русия, 896 ҳазор шаҳрвандони тоҷик ҳузур доштаанд, ки дар муқоиса ба аввали сол, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия 103 ҳазор нафар коҳиш пайдо намудааст.

Бештари муҳоҷирони меҳнатӣ дигар аз пайдо намудани кор дар Тоҷикистон ба куллӣ изҳори ноумедӣ мекунанд ва дар паи бӯҳронҳои пешомада дар Русия, акнун дар фикри пайдо намудани ҷои кор дар Қазоқистон ҳастанд.

general.images