Шаҳодати бародари ронандаи Ҳоҷӣ Ҳалим дар зиндонҳои режими Раҳмон

Додгоҳи шаҳри Душанбе охири соли гузашта Қаноат Мукаммиловро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим барои даҳ сол равонаи зиндон кард.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Қаноат, яке аз панҷ бародарон Мукаммиловҳо, ки ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон айбдор шудаанд, рӯзи 2 март дар муассисаи ислоҳии рақами 1-и Вазорати адлия дар Душанбе даргузаштааст. Ӯ ҳамроҳ бо бародари дигараш - Мирзо Мукаммилов, ронандаи Абдуҳалим Назарзода - тобистони соли гузашта дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.Мақомот гуфтанд, ин ду бародар пас аз қиёми Ҳоҷӣ Ҳалим ба Русия фирор карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе охири соли гузашта Қаноат Мукаммиловро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим барои даҳ сол равонаи зиндон кард.Мақомоти расмӣ то кунун сабабҳои марги Қаноат Мукаммиловро ошкор накардаанд.Аммо Зубайда Мукаммилова, хоҳари Қаноат, рӯзи 2 март гуфт, бародараш гирифтори бемори сил буд ва ҳамчунон аз дарди гепатит ранҷ мебурд. Ӯ гуфт, аз замони боздошт то лаҳзаи мурданаш ӯро ба наздиконаш нишон надодаанд.Хонуми Мукаммилова афзуд, «Мо мехостем, барояш дору барем ва табобаташ кунем, вале иҷозат надоданд. Бемории ҳепатиташро тамоман табобат накардаанд. Ин саҳар пас аз талоши зиёд ба мо ҷасадашро доданд»Қаноат Мукаммилов солҳои тӯлонӣ дар Русия ба сар бурда, ҳамсари рус доштааст. Ӯ бефарзанд буда, як нафарро ба фарзандхонӣ қабул карда, бузург кардааст. Ҳоло чаҳор бародари дигар аз хонаводаи Мукаммиловҳо дар зиндон қарор доранд.Мирзо Мукаммилови 43-соларо мақомот ронандаи шахсии Абдуҳалим Назарзода муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бародарони худро шомили гурӯҳи генерали Ҳоҷӣ Ҳалим кардааст. Наҷмиддин Мукаммилов, яке аз ин бародарон дар гузашта ронандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов будааст.

general.images