Тибқи эъломи Паймони миллии Тоҷикистон

Шарофиддин Гадоев рабуда шудааст

Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик изҳор дошт, ки Шарофиддин Гадоев, муовини роҳбари ин паймон зимни сафараш ба Русия "тавассути мақомоти амниятии Тоҷикистон ва баъзе доираҳои фасодзада дар Русия, Шарофиддин Гадоев рабуда шуд.” Пештар ВКД эълом карда буд, ки Шарофиддин Гадоев бо хоҳиши худ ба Ватан бозгаштааст.

Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ)– як эътилофи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки Шарофиддин Гадоев ба унвони раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд яке аз асосгузорони ин эътилоф ва муовини роҳбараш буд, рӯзи 15 феврал дар як изҳорот иддаои вазорати корҳои дохилӣ дар бораи "бо хоҳиши худ” ба Тоҷикистон баргаштани Гадоевро рад кард.

Дар ин изҳорот омадааст, ки Гадоевро аз Русия рабуда, ба Тоҷикистон бурдаанд: "Тибқи иттилоъи мо, Шарофиддин Гадоев бо даъвати баъзе афрод ба Русия сафар карда буд. Аммо мутаассифона, тавассути мақомоти амниятии Тоҷикистон ва баъзе доираҳои фасодзада дар Русия, Шарофиддин Гадоев рабуда шуд. Бо камоли таассуф, пештар низ шоҳиди ҳамкории ин доираҳои фасодзадаи рус бо мақомоти амниятии тоҷик дар рабуда шудан ва интиқоли Мақсуд Иброҳимов, Эҳсон Одинаев ва Мулло Наимҷон Самиев ба Тоҷикистон будем. ПМТ бо тамоми масъулият изҳор медорад, ки ин бозгашт ихтиёрӣ набуда, номбурда дар натиҷаи як амалиёти махсус рабуда шудааст.”

ПМТ изҳори итминон кардааст, ки Гадоев дар Тоҷикистон таҳти шиканҷа қарор мегирад ва ”шояд соатҳои наздик шоҳиди суханрониҳояш оиди "бозгашти довталабонааш” ба Душанбе шавем.”

Изҳороти ПМТ дар ҳоле нашр шуд, ки қаблан ВКД Тоҷикистон дар як изҳороти вижа аз бозгашти ихтиёрии Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон хабар дод. ВКД гуфт, Шарофидин Гадоев ихтиёран бо ҳавопаймои Маскав – Душанбе ба Тоҷикистон баргашта, дар ШВКД фурудгоҳи Душанбе худро ба мақомот таслим кардааст: "Имрӯз 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, 19.05.1985 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эйндҳовени Шоҳигарии Ҳолланд зиндагонӣ мекард, ба ШВКД Фурудгоҳи ш. Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам.Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Инчунин изҳор намуд, ки дигарон нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд. Гадоев Ш.М. аз соли 2012 бо моддаҳои 289 қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт.”

general.images