Ба гуфтаи манобеъи Паём

Шарофиддин Гадоев ба "шиканҷагоҳ"-и шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудааст

Ба гуфтаи манобеъи Паём.нет Шарофиддин Гадоев ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуд.

Дар ин бора як манбаъи Паём аз долони вазорати корҳои дохилӣ, бо шарти ифшо нашудани номаш маълумот дод. Сабаби интиқоли ӯ ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат маълум нест. Аммо бояд гуфт, ки ин шуъба дар истифодаи шиканҷаҳои ғайриоддӣ машҳур аст.

Як манбаъи дигар ба Паём хабар дод, ки Шарофиддин Гадоевро шадидан шиканҷа кардаанд, аксарияти изҳороти иқрории ӯ дар бораи бозгашт бо хоҳиши худ, баъди шиканҷаҳои ҷисмонӣ ва равонӣ дода шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Гадоевро тавре зери шиканҷа гирифтаанд, ки асари он намудор набошад. Аммо, аз ҷиҳати равонӣ дар чеҳрааш ва тарзи гапзанияш ҳама ҳувайдост, ки ӯ шиканҷа шудааст. Ҳамчунин модар ва хоҳари ӯ зери шиканҷаи шадиди равонӣ қарор доранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Гадоев ихтиёран ба кишвар баргашта, касе ӯро шиканҷа накардааст. Аллакай барои тасдиқи далели шиканҷа нашудани Шарофиддин Гадоев, мақомот якчанд изҳороти видеоӣ, ва расмҳояш бо пайвандонашро дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн карданд.

Аммо ин аксу видеоҳо шубҳанок на танҳо коршиносон, балки ҳатто истифодабарандагони оддии шабакаҳои иҷтимоиро натавонист бовар кунонад. Истифодабарандагон мегӯянд, ки гарчанде Шарофиддин ва хешовандони ӯ дар бораи баргашти ихтиёрӣ ва адолати мақомот гап мезананд, тарсу ҳарос ва асари шиканҷа дар чеҳраашон дида мешавад.

Шарофиддин Гадоев, узви шурои сиёсии Паймони миллии Тоҷикистон ва роҳбари ҳаракати Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчун паноҳанда дар рӯихати Идораи кор бо паноҳандагони Созмони милал қарор дорад. Ҳамчунин мақоми паноҳандагӣ дар Нидерланияи Аврупоро дошт. Намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон ба Паём гуфт, ки аллакай пулиси Нидерланд ба тафтиши чигуна дуздида шудани Гадоев аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон оғоз кардааст. Ҳамчунин сафорати Нидерланд дар Маскав низ барои муайян кардани чигуна аз Русия ба Тоҷикистон бурда шудани Гадоев даст ба кор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 15-уми феврал Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Шарофиддин Гадоев тавассути Москав ба Тоҷикистон ихтиёран баргашта, ба идораи полиси фурӯдгоҳ худашро таслим кард.

Худи ҳамон рӯз роҳбари Хюман райс вотч дар Осиёи миёна Стив Свердлов зимни як баромади видеоӣ дар саҳифаи фейсбукияш гуфт, ки бо эҳтимоли зиёд Гадоев рабуда шудааст. Ӯ аз кишвари Нидерланд ва созмонҳои ҳуқуқӣ дархост намуд, ки қазияро пайгирӣ кунанд.

Ҳамчунин шоми он рӯз, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ низ изҳор дошт, ки Шарофиддин Гадоев рабуда шудааст.

Имрӯз дар радиои Паём бо иштироки муовини роҳбари Паймони миллӣ, Алим Шерзамонов, рӯзноманигор ва шоир Темур Варкӣ ва адвокат Ҷамшед Ёров дар ин бора сӯхбате анҷом хоҳад шуд. Шумо метавонед, ин сӯҳбатро баъди барномаи хабарии соати 15:00 ба вақти Москав, дар барномаи “Дидгоҳ” гӯш кунед.

payom.net

general.images