Шабҳои торики Кӯлоб

Хабаргузории “Востокнюз” ба нақл аз “Озодӣ” : Торикии хиёбонҳои аслии Кӯлоб, шомгоҳон ин шаҳри пуршӯру мағалро ба шаҳри беодам табдил медиҳад ва сокинон бо фаро расидан торикӣ, танҳо дар гирду атрофи Боғи фарҳангӣ ва кӯчаи марказӣ, мушоҳида мешаванд.

Хабаргузории “Востокнюз” ба нақл аз “Озодӣ” : Торикии хиёбонҳои аслии Кӯлоб, шомгоҳон ин шаҳри пуршӯру мағалро ба шаҳри беодам табдил медиҳад ва сокинон бо фаро расидан торикӣ, танҳо дар гирду атрофи Боғи фарҳангӣ ва кӯчаи марказӣ, мушоҳида мешаванд.

Бо фаро расидани торикӣ, дар аксари кӯчаҳои марказии шаҳри Кӯлоб одамон камтар рафтуомад мекунанд ва таксиҳои шаҳрӣ мусофиронро ба боғу кӯчаҳои марказӣ мекашонанд. Иллати гаштугузори ками сокинон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, набуди рӯшноӣ гуфта мешавад.

Озодӣ аз Аҳмадӣ Иброҳим нақл мекунад, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, вақте раиси ҷумҳур ба Кӯлоб сафар карда буд, дар аксари кӯчаҳо чароғҳо насб карданд. Аммо ба гуфтаи вай, баъди рафти раисҷумҳур ва гузашти чанд моҳ, кӯчаҳои аслии шаҳр мисли пештара боз торик гаштанд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуд ва барои таъмири роҳҳо ва рӯшан гардонидани хиёбонҳои он, аз ҳисоби будҷаи маҳаллӣ, 851 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд.

Солҳои гузашта бештари одамон аз набуди маконҳои фароғатӣ, камтар ба шаҳр баромада ва сайру гашт мекарданд. Тайи ду соли ахир барои гузаронидани ҷашну маросимҳо Боғи фарҳангӣ ва кӯчаи марказии шаҳр таъмир карда шуда, сокинон бештар дар шомгоҳон ба сайр мебароянд.

Аммо ин 851 ҳазор сомонии ҷудошуда барои таъмини роҳҳо ва рӯшан гардонидани хиёбонҳои он куҷо шуд?? Чаро ҳанӯз мардум дар торикӣ зиндагӣ кунанд?? ба ин бемасъулиятҳо кӣ ҷавобгӯ аст?

general.images