Чӣ дастҳое дар пушти пардаи эъзоми духтарон ба Дубай ҷиҳати танфурӯшӣ пинҳон аст?

Маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти ду зани сокини шаҳри Душанбе, ба ҷурми ҷазби духтарони тоҷик барои бардагии ҷинсӣ хабар доданд.

 

Маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти ду зани сокини шаҳри Душанбе, ба ҷурми ҷазби духтарони тоҷик барои бардагии ҷинсӣ хабар доданд.

Дар ҳамин робита, маркази матбуотии ВКД чунин хабар додааст, ки ин боздоштшудагон, ду зани 25 ва 26-сола мебошанд, ки духтарони тоҷикро иғфол намуда ва бо ваъдаву ваидҳо, онҳоро барои танфурӯшӣ ба Дубай мефиристодаанд.

Гуфта мешавад, ин ду нафар, бо бар ӯҳдаи худ гирифтани ҳазинаи паспорт, виза ва билети ҳавопаймо, духтаронро роҳии ин амирнишнӣ кардаанд, ки ин қазия дар ҳоли пайгирист.

Дар робита ба ин мавзӯъ, суолоти озордиҳандае, ки пеш меояд, ин аст, ки то ба кай духтарони тоҷик ҳадаф ва тӯъмаи ин ашхос мегарданд ва қурбонии дасти ин муҷримон мешаванд? Чаро ин ҷинояткорон мавриди бозпурсӣ ва бархӯрди қатъии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ намегарданд?

Мутаассифона, бар асоси таҳқиқот ҷиҳати посух ба ин суолҳо, натиҷаҳои номатлубе ба даст меояд, ки хабар аз он дорад, ки дасти даллолони танфурӯш ба домони афроде аз радаҳои болои ҳукуматӣ ва наздикони хонаводаи мақомоти олии кишварӣ гиреҳ мехӯрад ва ҳамин мавзӯъ, ин масуниятро барои ин афрод эҷод намуда ва  монеи боздошт ва бархӯрдҳои қатъии маъмурон бо ин даллолон шудааст.

general.images