Чин бо сохтани донишгоҳ дар Тоҷикистон, илова бар нуфузи иқтисодӣ, фазои фарҳангӣ ва илмиро низ аз они худ мекунад

Чин барои сохтмони як Донишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 40 ҳазор донишҷӯ ба ҳукумати кишвар пешниҳод супурдааст.

Чин кишваре аст, ки дар Тоҷикистон нуфузи зиёд карда, аз назари иқтисодӣ ҳамаи бозорҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар даст гирифта, рақибони худ дар ин заминаро монанди Эрон, Туркия ва ҳатто Русияро аз бозори Тоҷикистон берун ронда аст. Чин бо иқтисоди худ, Эмомалӣ Раҳмонро харида, аз тариқи ӯ ва оилааш ҳамаи колоҳои худро вориди бозор кард. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир қарздортарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки беш аз ниме аз қарзҳояш ба кишвари Чин аст. Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз замини Тоҷикистонро дар ивази 3 миллиард доллар ба Чин фурухт ва номи худро дар таърих барои ҳамеша хоину ватанфурӯш сабт кард, ки ояндагон ӯро хиёнаткору номусфурӯш хоҳанд шинохт ва номашро дар таърих дар канори дигар хоинон сабт карда, лаъну нисору нафрини худро нисори ӯ хоҳанд кард.Эмомалӣ Раҳмон баъд аз инки қисмате аз замини Тоҷикистонро ба Чин фурухта, замимаи он кард, чиниҳо иддао карданд, ки дар Данғара мондаҳои таърихӣ ва бостоние ёфтаанд, ки ба Чин тааллуқ дорад ва ин яъне инки Данғара низ ба Чин тааллуқ дорад ва бояд ба Чин замима шавад. Чин бо ин иддаояш нияти бади худро фаҳмонд, ки мехоҳад беш аз ниме аз Тоҷикистонро замимаи хоки худ кунад. Эмомалӣ Раҳмон агар ба дарак восил нашавад ва дар ҳукумат монад, қатъан қисмати дигаре аз хоки Тоҷикистонро ба Чин вогузор мекунад, ҳамонтавре ки якбор кард.Чин иловар бар нуфузи иқтисодӣ, дар фикри нуфузи фарҳангӣ ва илмӣ аст ва ба ин хотир ба Тоҷикистон пешниҳоди сохатни донишгоҳ барои чиҳил ҳазор нафарро додааст, ки мавриди мувофиқати Э. Раҳмон қарор гирифт ва қарор аст Чин ин донишгоҳро созад. Агар ин донишгоҳ сохта шавад, 40000 тоҷике дар он машғули таҳсил мешаванд, ки тарафдори Чин шуда, ба сохторҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон роҳ меёбанд ва аз ҳамаи сиёсатҳои Чин ҳимоят хоҳанд кард. Дар натиҷа Тоҷикистон ба Чинистон табдил хоҳад шуд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Чин барои сохтмони як Донишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 40 ҳазор донишҷӯ ба ҳукумати кишвар пешниҳод супурдааст. Ҷан Лу, намояндаи Маркази технологияҳоии инноватсионии шаҳри Чиндаои Чин, рӯзи 14-уми октябр гуфт, бар асоси нақшаи аввалия ин донишгоҳ дар бахшҳои забондонӣ, соҳибкорӣ, муҳандисӣ, дорусозӣ ва, дар маҷмӯъ, аз рӯи 42 ихтисос довталабонро ҷалб хоҳад кард. Ҳусейн Сафаров, раҳбари ширкати “Файзи Ҷомӣ” гуфт, раиси ҷумҳур пешниҳодҳои онҳоро пазируфт ва барои татбиқи он ба Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ супориш дод.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images

Чин бо сохтани донишгоҳ дар Тоҷикистон, илова бар нуфузи иқтисодӣ, фазои фарҳангӣ ва илмиро низ аз они худ мекунад