Чаҳоршанбе дар Тоҷикистон Иди фитр аст

Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафтаро Иди саиди фитр эълом кард.

   Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафтаро Иди саиди фитр эълом кард.Идораи диниёти (муфтиёт) Қазоқистон ва Қирғизистон ва Созмони диёнати Туркия, рӯзи сешанберо Иди фитр эълом карданд.Пойгоҳи хабарии“Восток-Нюз”  ба нақл аз Радиои Садои Хуросон меоварад:моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон аз шашуми июн оғоз шуд ва чаҳоруми июл дар ин кишвар Иди саиди фитр хоҳад буд.Дар Узбакистон ва Туркманистон низ чаҳоршанбе Иди саиди фитр аст.Ин дар ҳолест, ки Идораи диниёти Қазоқистон ва Қирғизистон рӯзи сешанберо Иди фитр эълом карданд.Моҳи мубораки Рамазон дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз шаши июн оғоз шуд ва ин нахустин бор аст, ки ин кишварҳо бо ихтилофи як рӯз аз ҳам Иди саиди фитрро эълом мекунанд.Созмони диёнати Туркия низ сешанберо дар ин кишвар Иди фитр эълом кард.

general.images