Чаро ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, саратони Рустами Эмомалиро пинҳон кунад?

Чаро ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, саратони Рустами Эмомалиро пинҳон кунад?

Рӯзи 29,09,2020 инҷониб (Сиддиқи Акбар) мақолаеро дар бораи саратони Рустами Эмомалӣ пахш кардам, ки сарусадои фаровон дошт ва ниҳодҳои ҳукуматӣ аз ҷумла раёсати шаҳрдории Душанбе аксулъамал нишон дод ва бемор будану саратону сафар ба Исроили Рустами Эмомалиро такзиб карданд.

Гарчӣ ҳукумати Тоҷикистон чанд рӯзе дар бораи хабари гӯё дурӯғ будани саратони Рустами Эмомалӣ сарусадо эҷод кард, ва –ба заъми худ- дурӯғ будани саратони Рустами Эмомалиро рад кард, аммо манбаъ (инсайдер)-и мо бемории ҷиддӣ ва саратон будани Рустами Эмомалиро 100 % хонд.

Саратон будани Рустами Эмомалӣ дурӯғ аст ё ҳақиқат?

Аммо суол ин аст, чаро ҳукумати Тоҷикистон талош дорад бемории Рустами Эмомалиро пинҳон кунад, ва бо тамоми қуво алайҳи касе ки ин хабарро пахш кардааст вориди амал шуда, кофтукоб дорад, то пахшкунандаи ин хабарро пайдо кунанд?

Ҷавоб ин аст, ки бемор будани Рустами Эмомалӣ рости рост аст, аммо комилан маҳрамона ва ҳатто агар ҳам бимирад аст, ҳеҷ касе аз он хабар нахоҳад шуд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад ба чанд далел дар бораи бемории , Рустами Эмомалӣ сухан кунад.

Ин далелҳо иборатанд аз:

1-Тарс ва ваҳшати Эмомалӣ Раҳмон бо аз дасти додани қудрат

Эмомалӣ Раҳмон аз инки ҳукуматро аз даст диҳад тарсу ваҳшат дорад. Чароки охирати худро ба дунё фурухт, алайҳи Худо ва Ислому муслимин ҷангид, хонаҳои Худо (масҷидҳо)-ро баст, бо дастурҳои Худо ба мухолифат бархост ва онро фарҳанги бегона хонд, яқин дорад, ки ҳезуми дузах аст ва дар дузах, абадӣ хоҳад сухту хокистар хоҳад шуд.

Барои ҳамин медонад ҷойгоҳаш дузах аст, то метавонад дунёро дар даст мегирад ва аз он лаззат барад, гарчӣ дигар чизе барои лаззат бурдан надорад ва ҳатто дигар аз ҳамхобагӣ бо зан низ - ба гуфтаи манбаъи Востокнюз- лаззат намебарад, ба ҳамин хотир майнӯшиаш солҳои ахир фаровон шуда, шабу рӯз ба гуфтаи худаш дар “кайф” аст!

2-Берун нарафтани қудрат аз дасти оилаи Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон чунон зулму ситаме кардааст, ки агар аз қудрат биравад, ба хотири зулмҳою таҷовузҳо ба халқ, халқ зану духтару рангу пайвандашро бо дандонд тика-тика хоҳанд кард. Барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмон тамоми талоши худро ба харҷ медиҳад то ҳукумат ва қудратро дар дасти оилаи худ дошта бошад ва нагузорад ки дигар кас сари қудрат ояд.

3- Баҳрабардории опозисиюн ба нафъи худ

Агар хабари саратон ва ё ҳатто бемори шадид будани Рустами Эмомалӣ ҳамагонӣ шавад, фурсати хубе барои опозисиюни Э.Раҳмон аст. Опозисиюн аз ин фурсат баҳрабардорӣ карда, муборизаи худ алайҳи Эмомалӣ Раҳмонро пурқувват мекунанд. Чун умеде дар дилашон ҷавона мезанад, ки баъди Эмомалӣ Раҳмон дасти насли ӯ низ аз ҳукумат бурида мешавад.

4-Заиф шудани ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон байни кишварҳои дӯсташ ҳамчун Чин

Агар кишварҳои ба истилоҳ дӯсти Эмомалӣ Раҳмон, ба хусус Чин бидонад, ки Рустами Эмомалӣ пеш аз инки ба ҳукумат расад ба дарак восил мешавад, дигар умеде ба ҳамкорӣ бо Э.Раҳмон нахоҳад дошт ва ҳамкорӣ нахоҳад кард. Дар натиҷа Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза алайҳи опозисиюн заиф мешавад ва ҷойгоҳи худро аз даст медиҳад. Барои ҳамин ҳукумати Тоҷикистон маҷбур аст аз пахш шудани хабарҳои саратон ва ё ҳатто марги Рустами Эмомалӣ ҷилавгирӣ кунад, то ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон осеб набинад.

Сиддиқи Акбар

general.images