Чаро ҳама аз Тоҷикистон гурезонанд?

Беш аз нисфи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа гуфтаанд, ки ният доранд дар берун аз кишвар ҷойи кор ёфта, муқим шаванд.

Тоҷикистон кишваре аст, ки беш аз 25 сол аст як оила бар он ҳукумат дорад. Ин оила аз шахсоне ташкил шудааст, ки ҳамаашон ҳарис, гурусна, нодида, шаҳватрон, бедин, худхоҳ, худмеҳвар, бахил ва ноҷавонмард ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон касе аст, ки барои ба қудрат расидан ва дар он боқӣ мондан ҳазорон нафарро ба қатл расонд ва ҷангҳои хунину хонмонсӯзе ба роҳ андохт, то битавонад худро қудрати мутлақаи Тоҷикистон гардонад, ҳатто агар ҳамаи аҳолии Тоҷикистон дар асари худхоҳии ӯ ба коми марг раванд. Барои Эмомалӣ Раҳмон танҳо чизе ки муҳим аст, қудрат аст ва ғайр аз қудрат ҳеҷ чизе барои ӯ аҳамият надорад.Эмомалӣ Раҳмон дар асари белаёқатӣ ва ноӯҳдабароӣ Тоҷикистонро ба қашшоқтарин кишвари дунё мубаддал кард ва аҳолии онро ба беқадртаринҳои ҷаҳон. Эмомалӣ Раҳмон дарё фақру камбағалӣ, фасоду хешутаборбозӣ, бесаводию бемаданиятӣ, зулму ҷинояту хиноят, бадномию беобрӯгию беҳаёиро ба роҳ андохт ва аҳолии Тоҷикистон дар он ғарқ сохт.Фирори беш аз 40 дарсад аҳолии Тоҷикистон ба Русия ба баҳонаи кор, фирори донишмандону равшанфикрон дар асари фишори ҷонкоҳи дастгоҳи золимаи Э.Раҳмон барои ҳифзи қудрат, фирори донишҷӯёни таҳсилмекарда дар хориҷа аз он ва боқӣ мондан дар кишварҳои дигар, натиҷаи сиёсати дар пешгирифтаи Э.Раҳмон аст то ҳама фирор кунанд ва ӯву оилаи шикамкалону сернашавандааш дар қудрат бимонанд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, беш аз нисфи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа гуфтаанд, ки ният доранд дар берун аз кишвар ҷойи кор ёфта, муқим шаванд. Ин хулосаи назарпурсии навест, ки дар доираи пажуҳиши "Муҳоҷирати таҳсилии ҷавонони Тоҷикистон: Мушкилот ва дурнамо" бо сарпарастии Бунёди Сорос гузаронда шудааст.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images