ЧАРО Э.РАҲМОН, С. ЯТИМОВРО БА НАФАҚА ФИРИСТОДАНИСТ?

Саймумин Ятимов касе аст, ки ба оилаи Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои фаровоне кард ва коре кард, ки ҳукумати Э.Раҳмон то имрӯз давом ёбад, ҳамаи мухолифони ӯ аз Тоҷикистон ронда шаванд, муллоҳо ба секс маъруф шаванд, дину масҷиду мадраса душман шаванд, сатру ҳиҷобу риш манъ шавад ва Тоҷикистон ба майдоне аз гадохонаю фосидхонаю рақсхонаю қашшоқхонаи ҷаҳон табдил шавад.

Саймумин Ятимов касе аст, ки ба оилаи Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои фаровоне кард ва коре кард, ки ҳукумати Э.Раҳмон то имрӯз давом ёбад, ҳамаи мухолифони ӯ аз Тоҷикистон ронда шаванд, муллоҳо ба секс маъруф шаванд, дину масҷиду мадраса душман шаванд, сатру ҳиҷобу риш манъ шавад ва Тоҷикистон ба майдоне аз гадохонаю фосидхонаю рақсхонаю қашшоқхонаи ҷаҳон табдил шавад. Эҷод кардани чунин буҳрони иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва илмӣ сабаб шуд, ки Тоҷикистон барои ҳукумати Э.Раҳмон ва писари “наркоман”-у шаҳватрону сафиҳаш ва духтари бераҳму ғоратгари нокоромадаш ҳамвор шавад.

Соли 2020 ва интихоби президентӣ дар роҳ аст, аммо хатарҳое низ оилаи Раҳмонро дар интизор аст. Хатари касоне, ки Тоҷикистонро бо қимати нобудии шахсият ва иззати миллати тоҷик, паноҳгоҳи амни оилаи Раҳмон қарор доданд ва инак худро шоистаи президентӣ медонанд. Касоне чун Саймумин Ятимов. Ӯ ки дар нобуд кардани таъриху ифтихору обруи халқи Тоҷикистон маъруф аст, аз байн бурдани оилаи Раҳмон бо ҳамаи иддоаяшон кори бисёр саҳлу осон аст. Ба ҳамин хотир аст, ки Эмомалӣ Раҳон низ ин хатарро истишмом карда, чора андешидааст, ки онро безарар созад.

Беҳтарин роҳ барои безарарсозии Саймумин Ятим, шикастани болу пар ва қафаси оҳанини ӯст. Болу пари Саймумин Ятим шуҳрати ӯ дар сартосари Тоҷикистон ва доштани ҳамфикроне аз ҷинси худ ҳатто дар даруни оилаи Раҳмон аст. Бо беобрӯ кардани Саймумин Ятим ва нокоромадии иқдомоти ӯ болу параш шикаста мешавад, ва бо ихроҷ кардан аз раёсати КДАМ ва ба нафақа рои кардан қафаси оҳанини ӯ низ шикаста мешавад.

Дар ин сурат аст, ки Саймумин Ятим аз авҷи шуҳрату қудрат ба қаъри зиллату даноат мерасад ва табдил ба як шахси оддие мешавад, ки метавон онро паси панҷараи зиндон фиристод ва бесару садо барои ҳамеша безарараш гардонду қабрро манзилгоҳи ӯ қарор дод.

Хабарнигори хабаргузории Востокнюз Сиддиқи Акбар

general.images