Чаро Э.Раҳмон замин ва миллати тоҷикро ғорат мекунад?

Э.Раҳмон ба таври густарда даст ба ғорат зад ва сарватмандҳо ва тоҷирони Тоҷикистонро бо тӯҳматҳои гуногун боздошт карда, бойгариашонро мусодира мекунад.

Режими Раҳмон режими худкома ва бераҳме аст, ки фақат дар пайи он аст, ки тоҷикро қашоқтару камбағалтару пасттар гардонад. Режими Раҳмон барои нобудии миллати тоҷик қадамҳоеро бардоштааст ва то ҳудуде муваффақ шуд ва ин муваффақият ҳамчунон давом дорад; чароки:1)-Тамоми корхонаҳои замони Шӯравӣ аз байн рафтанд ва тақрибан 95 % аҳолии Тоҷикистон бекоранд ва ҷои кор надоранд. Азбайнбарии корхона нақшаи шӯми Э.Раҳмон буд, то ба ин тариқ тоҷикро дар ҷаҳон ғулом созад. 2)-Илова бар он, филмҳои масхараомезе ки алайҳи тоҷик ба унвони “Наша Раша” сохтанд, як бор ҳам эътироз накард, ҷавононеро ки дар Русия солона беш аз 2000 ҳазор нафар ба қатл мерасанд як бор ҳам ба давлати Русия шикоят накард, кӯдаки чандмоҳаро аз модараш ҷудо карда сабаби маргаш шуданд як бор шикоят накард. Ин шикоятнакарданҳо низ нақшаи дигари Раҳмон барои беобрӯ ва қашоқ кардни тоҷик барои нобудии он буд, ки то ба ҳол ҳамчунон давом дорад ва торафт бештар мешавад.3)-Фурухтани замин ба Чин, ки тақрибан 15 баробари Тоҷикистон вусъат дорад, як қитъаи замини Тоҷикистони кӯчакро ба худ замима кард. Эмомалӣ Раҳмон бо фурухтани замини Тоҷикистон ба Чин ҳам пули калоне бар ҷайб зад ва ҳам инки ҳимояти Чинро ба даст овард. Ӯ ба ин тариқ саъй дорад номи тоҷикро аз харитаи ҷаҳон пок кунад.Аммо Э.Раҳмон бори дигар ба таври густарда даст ба ғорат зад ва сарватмандҳо ва тоҷирони Тоҷикистонро бо тӯҳматҳои гуногун боздошт карда, бойгариашонро мусодира мекунад. Ҳамаи ин корҳо нишони он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон душмани миллати тоҷик аст ва бо ин навъ корҳояш мехоҳад Тоҷикистонро нобуд гардонад. Агар точик имрӯз бедор нашаваду аз ҳаққаш дифоъ накунад, дар ояндаи на чандон дур пушаймон хоҳад шуд, ки дигар суде ба ҳолаш нахоҳад дошт; чароки дигар на кишваре монда, на сарзамине ва на таъриху фарҳангу миллату замине.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, Ҷамшед Абдулов, писари раҳбари собиқи котиботи президенти Тоҷикистон Карим Абдулов, ки ширкати дар бозори пахта пештози "Олим Каримзод” ва корхонаи "Олим Текстайлз” дар ноҳияи Мастчоҳро мечархонд, боздошт шудааст. Ҷамшед Абдулоев ба он айбдор мешавад, ки 15 миллион доллар қарзи бонки муфлисшудаи "Тоҷпромбонк”-ро барнагардондааст.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images