Чаро Эмомалӣ Раҳмон шуҳрати ҷаҳонӣ дорад?!

Эмомалӣ Раҳмон касе аст, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад ва дар кишварҳои ИДМ шахсе бисёр шинохташудае аст. Яъне дар кишварҳои ИДМ (СНГ) шумо касеро пайдо намекунед, ки Эмомалӣ Раҳмонро нашносад.

Аммо шинохта шудани ӯ на ба ин хотир аст, ки марди қаҳрамон, патриот, ватандӯст ва хидматгори халқи худ бошад, на, иштибоҳ накунед! Фақат қаҳрамонҳо нестанд, ки бо шоҳкори худ маъруф ва шинохта мешаванд, балки гоҳе низ инсонҳои пасту заифу хоину беғайрату беномус чунон маъруф мешаванд, ки зарбулмасал қарор мегиранд ва барои инки масалан пастию беғайратиро хоҳанд фаҳмонанд бо зикри масалан Эмомалӣ Раҳмон онро мерасонанд!

Шуҳрати Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беғайратӣ, хиёнат, хоназури майдонғариб будан ва ғулом кардани халқи хеш ба миллатҳои бегона аст.

Ба ҳамин хотир Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои ИДМ мояи нангу беобрӯӣ аст ва ҳарҷо агар ӯро мисол оваранд, ҳикояти беғайратӣ, беномусӣ, буздилӣ, тарсончакӣ, заминфурушӣ, ғуломисозии халқи Тоҷикистон ва ҳазорон сифати пасти дигар аст.

Чанд намуна аз корҳое ки ӯро дар ҷаҳон машҳур сохт:

1.Фурухтани қисмате аз замини Тоҷикистон ба Чин;

Агар ба харита нигоҳ кунед, мебинед, ки Чин кишваре аст, ки бисёр калон аст ва Тоҷикистон дар муқоиса бо он як нуқта ё як қатра дар муқобили уқёнус аст. Чин бо доштани нуҳ миллиону панҷсаду наваду ҳашт ҳазору нуҳсаду шастуду кишваре аст, ки аз назари вусъат баъд аз Русия ва Канада севумин кишвари калонтарини дунё ба ҳисоб меравад. Аммо Тоҷикистон бо яксаду чиҳилу се ҳазору сад киллометр кишваре аст, ки ҷузви хурдтарин кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта ва дар Осиёи Марказӣ аз ҳама хурдтарин кишвар аст.

Аммо Чин бо вуҷуди инки нуҳ миллиону панҷсаду наваду ҳашт ҳазору нуҳсаду шастуду киллометр аст, қисмате аз Тоҷикистонеро ки яксаду чиҳилу се ҳазор киллометр дорадро харида аст. Чаро?

Ҷавоб ин аст, ки чун Эмомалӣ Раҳмон инсони беғайрату беномус ва хиёнаткор аст ва аз чунин инсоне бояд суиистифода кард ва то вақте ки бар сари қудрат аст бояд ҳамаи дороии халқро ғорат кард. Дар урфи мардум мегӯянд, “одами содара ёфтӣ, дар .... фона зан”. Эмомалӣ Раҳмон барои Чин ҳамин одами сода аст, ки Чин ӯро ёфта ..... фона мезанад”. Ба ҳамин хотир аст, ки қисмате аз замини Тоҷикистони майда ба аждаҳои калон фурухта шуд ва Эмомалӣ Раҳмон бо хиёнате ки кард, рӯи номардони ҷаҳонро сафед кард.

Барои ҳамин дар кишварҳои ИДМ вақте Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ҳама мефаҳманд, ки касе ки замини халқро ба Чин фурухт ва хиёнати нобахшудание ба халқаш кард.

2.Додани ҳамаи бойгариҳои халқ ба бегонагон аз ҷумла ба Чин;

Тоҷикистон аз они ҳамаи халқи Тоҷикистон аст ва ҳар кону маъдану бойгариҳои зеризаминие ки дорад аз они халқ аст ва бояд барои халқ ба кор бурда шавад, на барои як оила.

Русия ки бойгарии зеризаминие монанди газ ва нефт дорад, ҳамаи онро ба кор бурда барои халқ пешрафт меорад. Ҳамаи бойгарии халқи Русия аз нефту газ аст. Бибинед чӣ пешрафту некуаҳволие барои мардуми худ фароҳам кардааст! Аммо Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи бойгарии халқро ба бегонагон аз ҷумла ба Чин фурухта аст, то шикам ва зери шиками худ ва оилаашро бипарваронаду халос! Халқи бечора дар азобу муҳоҷирати корию ғуломигарии рус!

3.Беобрӯ кардан ва ғулом гардонидани тоҷик;

Эмомалӣ Раҳмон имрӯза дар кишварҳои ИДМ ба инсони бисёр пасту беобрӯ маъруф аст. Ҳар касе ки номи Эмомалӣ Раҳмонро дар ин кишварҳо мешунавад, инсони беғайрату тарсончаку буздил ва беобрӯ ба зеҳнаш меояд, барои ҳамин тоҷик тамоман қадр надорад ва дар Русия бадтарину ваҳшатноктарин қатлҳоро ба тоҷикҳо раво медоранд ва ҳар рӯз тоҷик мекушанд. Ба тавре ки дар сол беш аз 2000 тобути ҷавони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад ва даҳҳо ҳазор бегуноҳ ба зиндон ба туҳматҳои гуногун зиндонӣ мешаванд.

Як қирғизро соли гузашта дар Русия ба қатл расонданд, раиси ҷумҳури Қирғизистон Жеенбек Атамбаев аз Русия интиқод кард ва чанд моҳ пеш Андрей Малахов дар барномаи “Пуст говорят” қирғизҳоро интиқод кард, давлати Қирғизистон коре кард, ки Андрей Малахов аз қирғизҳо бахшиш пурсид, аммо тоҷикро панҷ сол бо филми камедияи “НАША РАША” масхара карданд, аммо Эмомалӣ Раҳмон ё ҳатто сафорати Тоҷикистон дар Русия як калима интиқод накард. Ин аст, ки тоҷик беқадр шуд ва Эмомалӣ Раҳмон сарманшаи беобрӯгӣ ва буздилии ҳамаи халқи Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ шуд.

Марг ба чунин инсони пасти залили хори буздил, ки миллатро беорбӯ гардонд!

Сиддиқи Акбар

general.images