Чаро Эмомалӣ Раҳмон спектакл бозӣ мекунад?

Дар бораи дахолати Эмомалӣ Раҳмон байни урфи мардум мегӯянд, депутатҳо, вазирон, маъсулон ва ҳатто раҳрӯбҳо бе иҷозати Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба ҳоҷатхона низ наметавонанд раванд. Ва ин яъне ҳар коре ки дар Тоҷикистон мешавад монанди боло бурдани масалан нархи интернет, фармонро аз Эмомалӣ Раҳмон гирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон шахсе аст, ки дар ҳамаи масоили Тоҷикистон чӣ хӯрд ва чӣ калон дахолати мустақим дорад ва ҳеҷ коре дар Тоҷикистон сурат намегирад, магар инки аз Эмомалӣ Раҳмон фармон содир мешавад.

Дар бораи дахолати Эмомалӣ Раҳмон байни урфи мардум мегӯянд, депутатҳо, вазирон, маъсулон ва ҳатто раҳрӯбҳо бе иҷозати Эмомалӣ Раҳмон наметавонанд, ҳатто ба ҳоҷатхона раванд. Ва ин яъне ҳар коре ки дар Тоҷикистон мешавад монанди боло бурдани масалан нархи интернет, фармонро аз Эмомалӣ Раҳмон гирифтаанд.

АММО ЧАРО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СПЕКТАКЛ КАРД?

Бо вуҷуди инки боло бурдани нархи интернет бо фармони мустақими Эмомалӣ Раҳмон анҷом шудааст, имрӯз ин фармонро баъд аз чанд рӯз ҳаёҳуй баргардонд. Сабаби ақибнишинии Э.Раҳмонро метавон дар бандҳои зер хулоса кард:

1.Эмомалӣ Раҳмон аз мавҷи эътирозоти мардум тарсид;

Э.Раҳмон вақте ки мавҷи эътирозҳо ва мухолифатҳои оид ба боло бурдани нархи интернетро дид, тарсид, ки мабодо ҳамин кор, нуқтаи оғозе барои сарҷамъ шудани мардум алайҳи ӯ шавад ва “подшоҳӣ”-и ӯро таҳдид кунанд; чун ҳам мухолифон эътироз карданд ва ҳам касоне, ки дар давлат буданд, гарчӣ худ спектакле беш нест.

Аммо ин воқеият аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз хашми мардум метарсад, барои ҳамин коре мекунад, ки хашми мардумро бедор накунад. Қонунро қабул кард, вақте, ки дид мардум хап карданд, қонун иҷро мешавад, аммо агар дид, ки мардум ба он аксулъамал нишон медиҳанд, зуд ақибнишинӣ мекунад ва бо тағйироти кадрӣ масъаларо хомуш месозад.

2.Э.Раҳмон спекталбозӣ кард;

Э.Раҳмон бо тарҳи ин масъала сарусадоеро дар дохил ва хориҷи кишвар эҷод кард. Ҳадафи ӯ аз ин кор, ин буд, ки зеҳни мардумро аз масъалаҳои муҳимтари кишвар монанди лимити барқ бо вуҷуди овозаҳои фаровон оид ба фаъол шудани агрегати дуи Роғун, бекорӣ, муҳоҷират, ва садҳо масъалаи дигар, ба дигар тараф кашонад ва нагузорад мардум дар бораи ҳаққи худ, ки донистани масоили кишвар бо пурсидан аз соҳибмансабон аст, маҳрум созад.

Э.Раҳмон дар воқеъ спектал бозӣ кард ва бо баргардондани нарх ба ҳолати аввалияаш мехост қаҳрамонӣ ва дилсӯзии худ нисбат ба мардумро бар сари забонҳои мардум ҷорӣ кунад. Ин дар воқеъ “рекламасозӣ”-и Рустами Эмомалӣ аст. Ӯ бо ин спекталбозӣ ки худаш онро тарроҳӣ мекунад, муҳаббати мардумро ба суи худ ҷалб карданӣ аст, то аз ин тариқ тавонад писари наркомани худро ба мардум бор кунад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор: Шоми 23 апрел бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Хадамоти матбуоти президент гуфт, бо супориши президент "нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд.”

Сиддиқи Акбар

general.images