Чаро Эмомалӣ Раҳмон намехоҳад аз ҳукумат биравад?

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то ба ҳол бар сари ҳукумат аст. Бо вуҷуди инки худаш медонад, ки як инсони комилан белаёқат, аблаҳ ва дар давлатдорӣ комилан нотавон аст, бо чангу дандон ба ҳукумат часпидааст ва барои курсии президентӣ бо ҳамаи аҳолии Тоҷикистон меҷангад.

Ӯ барои инки бар сари ҳукумат боқӣ монад, ҳозир аст тамоми фарзандони худро қурбонӣ кунад. Гарчанде ӯ тамоми талоши худро ба кор бастааст то мухолифони худро саркӯб ва обрӯи худро ҳифз кунад, аммо натавонист аз обрӯрезии худ ҷилавгирӣ кунад ва рӯз то рӯз ба интиқодҳо, танқидҳо ва фош шавии чеҳраии воқии Э.Раҳмон дар саросари олам афзуда мешавад. Қатлҳои ҷамъие ки як соли ахир дар Тоҷикистон зиёд шуда, сабабаш мухолифат бо Эмомалӣ Раҳмон аст. Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди инки гурӯҳ-гурӯҳ инсонҳоро мекушад, рӯз то рӯз бар мухолифонаш афзуда шуда, мухолифатҳо бештар мешаванд.

Аммо суол ин аст, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон талош дорад бар сари қудрат бимонад?

Эмомалӣ Раҳмон тамоми талоши худро ба кор мебандад, то бар ҳукумат боқӣ монад. Сабаби онро метавон дар ду банди зер хулоса кард;

1.Дарёфти кумаҳои калон аз ҷаҳон ва ҷамъоварии миллиардҳо доллари бедарди миён;

Эмомалӣ Раҳмон муддати 27 сол аст, ки бар сари қудрат аст ва аз он замон то ҳол беш аз 10 миллиард доллар ба баҳонаҳои мухталиф дарёфт кардааст. Ӯ ҳамаи ин пулҳои ба истилоҳ бедарди миёнро ба номи миллат гирифта ба коми худ истифода бурдааст.

Беш аз даҳ миллиард доллар дар ҳисобҳои хориҷии худ дар бонки Шветсария мондааст, ки сол то сол ба протсент ба он афзуда мешавад. Ҳамаи ин пулҳоро ба Тоҷикистон кишварҳои хориҷӣ барои кӯмак ба мардуми селзада, осебдида, камбизоатон ва ҳазорон масъалаи дигар тақдим кардаанд, вале Эмомалӣ Раҳмон он пулҳоро гирифта ба номи худ ба ҳисоби бонки шветсарии худ гузарондааст.

Кӯмакҳое ки кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон карда зиёд аст ва агар ҳамаи он пулҳо дар сохту сози Тоҷикистон ба кор бурда мешавад, Тоҷикистон аз бадбахтию фалокату бебарқию беобию қашшоқӣ наҷот меёфт, вале афсус ки аблаҳе бар сари ҳукумат аст, ки чашми сернашаванда дорад ва ҳарчӣ мехӯрад бештар гуруснатар мегардад!

Дар ин муддат кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Э.Раҳмон 1,8 миллиард доллар ёрдам кардааст (сафири ИМА дар ҶТ, Ҷон Марк Помершайм дар мусоҳиба бо Озодӣ рӯзи 9 июл). Ва ин дар ҳоле аст, ки дар дунё беш аз 190 кишвар аст ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кишваре ки меравад тоҷикро гадо муаррифӣ карда, пул талаб мекунад. Ёрдамҳои молии Чин, Русия, Арабистон, Эрон, Жопон ва...ро агар ҳисоб кунем қатъан беш аз 10-15 миллиард доллар мешавад.

“Гушначашмӣ” ва дарёфти миллиардҳои доллари бедарди миён аз кишварҳои хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмонро намегузорад ки аз ҳукумати Тоҷикистон биравад. Мегӯянд чашмгурусна сершавӣ надорад ва ба гуфтаи Саъдии Шерозӣ: чашми танги дунёдӯстро ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр!

2.Нобудӣ ва бечорагии ҳамаи оилаи Э.Раҳмон дар сурати рафтан аз ҳукумат;

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамаи зулму ситаме ки бар сари миллат овардааст медонад агар аз ҳукумат равад, ҳамаи наслу пайвандаш зери пои миллат хурд шуда нобуд мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти талхи Ислом Карим, Саддом Ҳусейн, Муаммар Қаззофиро дид ва фаҳмид ки агар ӯ низ аз президентӣ гирифта шавад, Рустами Наркоман бомж шуда, Озода Раҳмон, Тахмина, Зарина ва дигар духтаронаш аз бекорию бепулӣ мумкин аст ки сар аз фоҳишахонаҳо бароранд! Дуруст ҳамон тавр ки духтари Саддом Ҳусейн ба фоҳиша табдил шуд.

Мардуми хашмгин аз зулму ситами Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва ... хашми худро бар оилаи Э.Раҳмон холӣ хоҳанд кард, ки дар он сурат дигар аз Эмомалӣ Раҳмон монанди Ислом Карим, Саддом Ҳусейн ва Муаммар Қаззофӣ на номе хоҳад монд ва на дудмоне!

Сиддиқи Акбар

general.images