Чаро чанде аст ки ҳукумати Тоҷикистон бозори қаллобиҳоро ба роҳ андохтааст?

Чаро чанде аст ки ҳукумати Тоҷикистон бозори қаллобиҳоро ба роҳ андохтааст?

Чанд рӯзе аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон қаллобиҳои зиёдеро - ки дар поён ба баъзе аз онҳо ишора мекунем - ба намоиш гузоштааст, сабаби ин ҳама намоишҳо чист?

Намоишҳо иборатанд аз:

1-Боздошти чиптафурӯши қаллоб, ки гӯё худро корманди сафорат муаррифӣ мекард.

2-Худро ҷияни Рустами Эмомалӣ мегирифт ва аз номи ӯ мансаб мефурухт.

Дасти кам дар ду рӯзи ахир ҳукумати Тоҷикистон гӯё қаллобонеро боздошт кардааст, ки аз номи кормандони ҳукумат ва соҳибмансабон суиистифода бурда, мардумро фиреб дода, баъд боздошт шудаанд. Яке аз он боздоштшудаҳо Ҷалолов Беҳрузҷон Камолиддинович аст, ки гӯё худро корманди сафорати Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба мардум билет мефурухтааст.

Инҷониб (Сиддиқи Акбар) бар онам, ки ин ба истилоҳ боздоштҳо ва қаллобиҳо сохтакории ҳукумат аст, то айби ҳукумат пӯшида шуда бегуноҳ муаррифӣ шавад. Масалан ҳамин чиптафуруши қаллоб, ки кормандони сафорати Тоҷикистонро гӯё бадном карда ва аз номи онҳо ба мардум билет фурухта, мардумро фиреб додааст. Ин як дурӯғи маҳз аст, чаро?

Дар инки сафорати Тоҷикистон ва ҳукумати ҶТ мардумро дар карантин фиреб дода, билет фурухта буд ва қарор буд одамоне ки бисёр зарурӣ буд аз Маскав ба Тоҷикистон баргардонда шаванд, шакке нест ва билетро ба касоне фурухтанд, ки ягон зарурият надоштанд ба Тоҷикистон баргарданд ва хешутабор ва аз наздикони соҳибмансабон ва ҳамаашон ҷавон буданд.

Дар ин миён чанд нафар ҷабрдида ба Фурудгоҳ рафта, филмбардорӣ кардааст то бибинад ки ҳукумат ба чӣ касоне билетро фурухтааст. Даҳҳо нафар видеоеро фиристоданд, ки кормандони сафорати ҶТ дар Русия пул кор карда, ришватҳои калон гирифта, бойбачаҳо ва супоришшудагонро фиристоданд.

Дар натиҷа хашми мардум шуълавар шуда, гирди сафорати Тоҷикистон ҷамъ шуда, эътироз карданд ва кормандони сафоратро барои дурӯғу фиребкориашон дар расонаҳо интиқод карданд.

Инак, сафорати ҶТ дар ФР бояд гуноҳро аз гарданаш соқит карда, гунаҳкор ё ба истилоҳ ҳамон қаллоберо метарошиданд, ки ӯ аз номи кормандони сафорат гӯё мардумро фиреб дода билетҳоро ба бойбачаҳако фурухта бошад. Гунаҳкоре ба номи Ҷалолов Беҳрузҷон Камолович ба унвони “ЧИПТАФУРУШИ ҚАЛЛОБ, КИ ХУДРО КОРМАНДИ САФОРАТ МУАРРИФӢ КАРДА, МАРДУМРО ФИРЕБ ДОДААСТ” боздошт шуд, то ба ин тариқ мардум аз ҳукумату сафорат нею, балки аз як қаллобе ки кормандони сафоратро бадном кардааст, хашмолуду асабонӣ шаванд!

Гарчӣ ҳама медонанд, ки дар чунин вазъияти изтирорӣ як билет ҳам бе иҷозаи корманди сафорат фурухта намешавад. Ва бар фарз агар иддаои дурӯғи ҳукуматро қабул кунем ки номбурдаи қаллоб сафорат ва ҳукуматро бадном кардааст, фуруши билет дар ҳолати изтирорӣ аз тарафи кормандони сафоратро наметавон фиреб донист!

Аммо дар мавриди масъалаи дуюм ки худро ҷияни Рустами Эмомалӣ муаррифӣ карда вазифа мефурухтааст- ин низ ба гумони инҷониб (Сиддиқи Акбар) дурӯғе беш нест ва аз ин тариқ ҳукумат мехоҳад сиёҳкории соҳибмансабону вазирону раисону фарзандон ва ҳатто президенту шаҳрдорро сафеднамоӣ кунанд. Чӣ тавре ки мегӯянд: “Офтобро бо доман намешавад пӯшонд”.

Фосидтарин, фиребкортарин, қаллобтарин ва дурӯғгӯтарин шахси Тоҷикистон аввал аз ҳама худи Эмомалӣ Раҳмон ва пас аз он, Озодаи Фоҳиша, Рустами гунги наркоман ва Саймумин Ятими оққимодар аст!

Сиддиқи Акбар

general.images