Чаро фасод ва фақр дар Тоҷикистон торафт зиёдтар шудаистодааст?

Сабаби афзоиши фасод ва фақр дар Тоҷикистон чист ва чаро ҳукумати нолоиқи Тоҷикистон, дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон ҷилави онро намегирад?

Ба эътирофи созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар Тоҷикистон фасод ва фақр фаровон аст ва то рафт зиёдтар шудаистодааст. Сабаби афзоиши фасод ва фақр дар Тоҷикистон чист ва чаро ҳукумати нолоиқи Тоҷикистон, дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон ҷилави онро намегирад?Фақр ва фасод ду бародаре ҳастанд, ки ҳарҷо фақр бошад фасод низ ҳатман ба дунболи он хоҳад омад. Фақр дар дини мубини Ислом бар ду гуна аст: 1) фақри мазмум. 2) фақри мамдуҳ. Фақри мазмум фақре аст, ки дар асари бекорӣ, танбалӣ, беҳолӣ, фароҳам накардани шароити кор тавассути давлат барои ҷавонон ва беаҳамият будани масъулони давлат ба вуҷуд меояд. Дар фақри мазмум, вақте инсон фақир мешавад, дину имону ахлоқу ҳай ва покдоманию шарафи инсонияти ӯ дар хатар қарор мегирад. Ба ҳамин хотир дар ҳадисҳо омадааст, ки фақр агар биёяд дини инсонро аз байн мебарад, ва инсонро ба куфр мекашонад.Сабабҳои фақр дар Тоҷикистон Чаро Тоҷикистон ҳамвора ҷузъи фақиртарин кишварҳои дунё мешавад? сабаби фақри Тоҷикистон дар чист? Дар ҷавоб бояд гуфт, ки сабаби фақри Тоҷикистон иборат аст аз:1) Мудирияти заифи мудирони давлатӣ аз ҷумла Э.Раҳмон;Мудир касе аст, ки бо тадбири худ идораи як гурӯҳ, муассиса ё ҷомеаро ба ӯҳда мегирад ва бо илму хушфаҳмӣ ва дирояту дилсӯзие ки дорад он гурӯҳ, муассиса ё ҷомеаро ба сомон мерасонад. Мудире, ки натавонад аз ӯҳдаи идора барояд, ободиро ба вайрона табдил мекунад. Эмомалӣ Раҳмон мудири нолоиқе аст, ки аз алифбои мудирият ҳатто ҳарфи “А”-ро нафаҳмидааст ва чун коргари савхозу ферма будааст, фақат бо гуспанду гов сару кор доштааст ва инсонро ба андозаи гову гуспанд мефаҳмад, на бештар. Мудирияти заифи Э.Раҳмон ва бекифоятиву нолаёқати ӯ Тоҷикистонро ба фақиртарин ва фасодзадатарин кишвари дунё табдил кардааст. 2) Майнӯшӣ ва хушгузаронӣ;Эмомалӣ Раҳмон, шахси майнӯш, хушгузарон, камъақл ва бехирад аст. Чунин шахсе дар ҳар ҷое мудир шавад, онҷоро агар обод бошад ба вайрона табдил мекунад. Чароки шахси майнӯшу хушгузарон фақат дар фикри майнӯшӣ ва хушгузаронии худ хоҳад буд ва фақат ба дунболи ин аст, ки май ёфта кайфу сафо кунад. Барои ба даст овардани май, ҳамаи чизро мефурӯшад то май ба даст орад. Ба ҳамин хотир аст, ки шахси майнӯш дар Ислом мазаммат шуда, пайравӣ аз он ҳаром аст. 3) Истифода аз инсонҳои бесаводу камфаҳм;Дар низоми диктаторӣ, ки тасмимгиранда фақат як нафар аст, инсонҳоеро ба кор мегуморад, ки бесаводтарин, камъақлтарин ва ҳаристарин бошанд; чароки чунин инсоне аз маданияту қонуну виҷдони инсоният ва инсоф фарсахҳо дур хоҳад буд, дар натиҷа шахси вафодоре ба раиси худ хоҳад буд ва ҳар монеъеро ки ҳатто агар хоҳару бародари худаш ҳам бошанд, бедаранг аз байн хоҳад бурд. Барои чунин шахсе қудрату вазифа ХУДО мешавад ва барои мондан дар он аз ҳамаи муқаддасот ва инсоният мегузарад. Ба ҳамин хотир чунин шахсе на парвои ободӣ дорад ва на парвои беҳбуди вазъи иқтисодию зиндагии мардум. Соҳибмансабони Тоҷикистон умдатан аз ҳамин хел афрод ташкил шудааст монанди Бег Зуҳуров, ки ҳамеша дар фикри манфиати хешанд ва дигарон дар назарашон галлае беш нестанд. Вуҷуди чунин афроде дар сохтори давлатӣ сабаби фақру бадбахтию қашоқии ҳамешагии Тоҷикистон аст.Фақр ба дунболи худ фасодро низ мекашонад; чароки инсон ба нони шаб ниёзманд шуда, барои таъмини он аз инсонияту шарафи худ гузашта тан ба фасоду танфурӯшию ришвагирию пулситонӣ мезанад. Ба ҳамин хотир аст, ки Ислом ҳам мардумро ба кор ташвиқ мекунад ва ҳам ҳокимонро дар таъмини мардум ба ҷои кор вазифадор медонад. Аммо Э.Раҳмон ба хотири ҳамин омӯзаҳои Ислом, Исломро душмани худ дониста, тамоми тавони худро дар нобудии он гузошт. Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) фасоди молӣ ё коррупсияро дар баробари фақр аз мушкили аслии Тоҷикистон ном бурда, гуфтааст, ки “талошҳои ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз фасод ҳеҷ беҳбудӣ наовард”. Гузориши ин созмон баъд аз нишасти муштараки коршиносонаш бо мақомоти тоҷик охири ҳафта дар шаҳри Душанбе нашр шуд. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи он худдорӣ кардаанд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images