Чаро Толибон фақат Тоҷикистонро таҳдид мекунаду дигар кишварҳоро не?

Чаро Толибон фақат Тоҷикистонро таҳдид мекунаду дигар кишварҳоро не?

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувуми раиси ҳукумати "Толибон", ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар умури дохилии Афғонистон дахолат накунад.

Ӯ ҳамчунин таҳдид кард, ки «ҳар кор пайомад дорад».

Ба назар мерасад, таҳдиди Толибон ҷиддист ва Эмомалӣ Раҳмон аз он ба истилоҳи омиёна «тар кардааст!» ва ҳануз Тоҷикистон вокунише ба таҳдиди Толибон анҷом надодааст.

Аммо чаро Толибон аз ин ҳама кишварҳои ҳамсоя –Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон- фақат Тоҷикистонро таҳдид мекунад?

Ҷавоб комилан равшан аст ва он инки:

1-Ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати мардумӣ нест, ҳукумати оилавӣ аст, пуштибонии мардумӣ надорад, ва мардум аз зулми Эмомалӣ Раҳмон безор аз ҷон шудаанд, ба ҳамин хотир ҳеҷ кас ҳозир намешавад худашро қурбонии ин оилаи золими ситамгари дастнишондеҳи Узбакистону Русия кунад.

2-Эмомалӣ Раҳмон тарсончаке аст, ки ду бор таҳдид шавад, ақибнишинӣ мекунад ва ҳатто кӯтоҳ омада, заминҳои Тоҷикистонро вогузор мекунад, ҳамонтавр ки ба Чин вогузор кард.

3-Эмомалӣ Раҳмон хиёл мекунад чун узви “СПАД” аст ва Чину Русия ба ҳимояти ӯ мебароянд, дар ҳоле ки на Чин ва на Русия дар сурати ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон дахолат намекунанд.

4-Эмомалӣ Раҳмон аз бас ба халқи Тоҷикистон зулм карда ва динситезию бединиро ривоҷ дода, алайҳи дини Ислом мавзеъ гирифта, сатру ҳиҷобу ришу масҷиду мадрасара масхара кардааст, ки мардум аз ӯ безор шуда, хоҳони нобудии ӯянд. Агар Толибон ҳамла кунад, қатъан иддае аз аҳолии Тоҷикистон ононро ҳамроҳӣ мекунад.

5-Дар Тоҷикистон барои халқ зиндагӣ нест. Зиндагӣ фақат барои оилаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаромхуроне аз вазирону раисони он аст, ки дар натиҷа ягон корхона дар Тоҷикистон кор намекунад ва мардум маҷбуранд ба Русия ғуломӣ карда, пул кор кунанд. Аз чунин зиндагие марг беҳтар аст. Агар толибон ҳамла кунад, қатъан пирӯз мешавад ва Эмомалӣ Раҳмон бо оилаи серношоямаш ба партобгоҳи таърих медароняд!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувуми раиси ҳукумати "Толибон", рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Ҷазира" гуфт, аз Тоҷикистон мехоҳанд, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила накунад.

Сиддиқи Акбар

general.images