Чаро режими Раҳмон ба обу оташ мезанад то аз иштироки ҲНИТ дар нишасти САҲА монеъ шавад?

Яке аз сабабҳое ки интиқодоти кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ алайҳи Эмомалӣ Раҳмон зиёд шуда, ҳамин нишасти САҲА мебошад.

Нишасти Созмони амнияти ҳамкории Аврупо ки ҳар сол баргузор мешавад барои баррасии авзои ҳуқуқи башар дар кишварҳои узв аст. Дар ин созмон беш аз 57 кишвар узванд, ки Тоҷикистон яке аз аъзои он аст. Нишасти САҲА нишасте аст, ки ба тамоми ҷаҳон мухобира шуда, натиҷаҳои он дар ҳамаи ВАО-и ҷаҳон пахш мешавад. Бори чандум аст, ки режими Раҳмон дар он ба шиддат интиқод шуда дар саросари ҷаҳон пахш мешавад. Яке аз сабабҳое ки интиқодоти кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ алайҳи Эмомалӣ Раҳмон зиёд шуда, ҳамин нишасти САҲА мебошад.Эмомалӣ Раҳмон тоби таҳаммули интиқодро надорад; чун ба таърифу тамҷиду чоплусӣ одат карда буд ва муддати 25 сол ҳатто як бор ҳам аз ӯ интиқод нашуд ва дар муқобил ҳамеша таърифу тамҷид шуд, аммо ду се сол аст, ки ба шиддат таҳти интиқоди шадиди мухолифон аз ҷумла ҲНИТ ва ҳамчунин кишварҳои хориҷӣ қарор мегирад. Ҳамин интиқодҳо сабаб шуда, ки Раҳмон аз зиндагӣ ноумед шуда хар борин шароб мехӯрад то мушкилиҳоро фаромӯш созад. Сабаби дубор сиктаи қалбӣ низ ҳамин нороҳатиҳо, интиқодҳо ва арақнӯшии беҳадаш будааст.Режими Раҳмон дар остонаи нишасти САҲА, ки аз 9 то 21 сентябр дар Варшава баргузор мешавад, чорабинӣ намуда талош дошт то аз иштироки мухолифон аз ҷумла ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ ҷилавгирӣ кунад. Ӯ барои ин кор террори сайёҳонро барномарезӣ карда, бо сохаткорӣ онро бар гардани фарде зада, модарашро гаравгон гирифта, баъд аз чанд муддат таълим барои худсӯзӣ дар пеши бинои САҲА дар Душанбе мехостанд монеи иштироки Муҳиддин Кабирӣ шавад. Аммо натанҳо ба хостаи худ нарасиданд, балки бо далқакбозӣ (клоунбозӣ) худро масхараи ҷаҳон карда, бар шармандагии худ афзуданд ва худро мисдоқи зарбулмасале карданд ки мегӯяд: “Саг меҷакад, корвон гузар мекунад”. Яъне режими Раҳмон чунон ҷакиданду ав-ав карданд, ки аз ҳамаи имконоти худ истифода бурданд то ба хостаи худ расанд, аммо корвон гузар кард ва ҳеҷ касе ба суханони онон гӯш надод.Чаро режими Раҳмон талош доранд аз иштироки ҲНИТ ҷилавгирӣ кунанд?Сабаби инки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон худро пора дорад то аз иштироки ҲНИТ ҷилавгирӣ кунад иборат аст аз: 1)- аз пахш шудани бештари шармандагии режими Раҳмон ҷилавгирӣ кунанд; чароки хабарҳои ин нишаст ба тамоми забонҳо ва дар тамоми ҷаҳон гузориш мешавад. Муаррифии моҳияти режими Раҳмон ва шахси Э.Раҳмон шармандагии онро даҳчанд мекунад.2)- ҷилавгирӣ аз фош шудани ҳақиқатҳое аз режими Раҳмон ки вахшигарию ғоратгарию ситаму зулми фаровон бар мурдум аст. Эмомалӣ Раҳмон тамоми вазифаҳоро ба язнаву домоду додарарусу қудову ҷияну хешу табори худ тақсим карда, дороиҳоии Тоҷикистонро ба ирси падарии худ табдил карда, онро хӯрда мардумро аз он маҳрум кардаанд, дар ҳоле ки якояки шаҳрвандони Тоҷикистон дар манобеи Тоҷикистон саҳм доранд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад беиҷозаи онҳо он манобеъ ва бойгариро дар ихтиёри дигарон аз ҷумла Чин қарор диҳад.3)- ҷилавгирӣ аз фош шудани сирҳои КДАМ, ки дар террор ва азбайнбарии шахсоне чун Умаралӣ Қувват даст доштанд ва қасд доранд М.Кабирӣ ва дигар шахсони калидии мухолифонро террор кунанд. Чанде пеш шахсе ба номи М.Расулов ки узви КДАМ буда, аз террор ва қатлу ғорати КДАМ ва Эмомалӣ Раҳмон хаста шуда, фошкорӣ кард. Эҳтимол дорад ӯ низ дар ин нишаст иштирок кунад, ки дар ин сурат ба унвони кормандони куҳнакори КДАМ бо ифшокориҳое ки анҷом медиҳад, чеҳраи ҳақиқии Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимовро бар ҷаҳониён ошкор месозад, ки инсонияту раҳм дар онҳо нест аз инсоният чизе ҷуз сурат надоранду дар ботин ҳаюлои қотили ғоратгари ҷинояткоранд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images