Чаро Мансурҷон Умаров бо вуҷуди инки дар табаддулот буд, ҳанӯз озод аст?

Чаро Мансурҷон Умаров бо вуҷуди инки дар табаддулот буд, ҳанӯз озод аст?

Мансурҷон Умаров сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, ки замоне муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будааст, дар ба истилоҳ табаддулоти генерал Ҳоҷӣ Ҳалим иштирок доштааст ва бо ӯ ҳамдаст будааст.

Суол ин аст, чаро бо вуҷуди инки Мансурҷон Умаров дар табаддулот алайҳи Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштааст, ҳануз озод аст ва Эмомалӣ Раҳмон натавонистааст ҳеҷ балое бар сараш биорад?

Ҷавоб равшан аст ва он инки, дар ба истилоҳ табаддулоти соли 2015 Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо раёсати Саймумин Ятим, алайҳи Эмомалӣ Раҳмон иқдом шуд ва Саймумин Ятимов мехост Эмомалӣ Раҳмонро барканор, ё қатл кунад.

Ба ҳамин хотир муовинаш Мансурҷон Умаров дар табаддулот даст дошт ва дар сурати пирӯзӣ, Ятимов худ президент шуда ба ӯ вазифаи нахуствазирӣ медод.

Баъд аз шикасти табаддулот Эмомалӣ Раҳмон ба Саймумин Ятимов шак кард, ва ба ҳамин хотир буд, ки С.Ятим чанд муддате буд, ки зери назари Э.Раҳмон буд дар борааш ягон хабаре пахш намешуд, ва Эмомалӣ Раҳмон мехост ба сазои аъмолаш расонад.

Аммо аз онҷо ки Саймумин Ятимов ҷосуси ИМА, ИА ва Исроил аст, аз онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон пули калоне дода шуд, то ба С.Ятимов коре надошта бошад ва дар мансабаш боқӣ монад.

Баъд аз он буд, ки хабари ба истеъфо рафтани Саймумин Ятим пахш шуд ва қарор буд, Ятимов бо дархости худаш ба истеъфо равад. Дар ҳоли ҳозир гумоназаниҳо бар ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, дар фикри чорае аст то Саймумин Ятим ва Мансурҷон Умаровро бесарусадо аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон бардорад!

Сиддиқи Акбар

general.images