Чаро КДАМ дар қазияи Маҳмадалӣ Расулов хомӯш аст?

Қазияи Маҳмадалӣ Расулов парда аз чеҳраи ҳукумати Раҳмон бардошт ва ба хусус ба ҳамагон нишон дод, ки пушти ниқобҳои сиёҳи бачаҳои КДАМ, ки худро амини мардум медонанд чӣ чонварони ваҳшие истодааас.

Ҳукумате, ки асосаш бар зулму ситам ва фишор болои мардумаш бино шуда бошад, наметавонад ҳамеша худро дар назари ҷомеъаи ҷаҳонӣ сафед ва хуб муаррифӣ кунад чун “ҳақиқат”-ро бо доман намешавад пӯшонид. Қазияи Маҳмадалӣ Расулов парда аз чеҳраи ҳукумати Раҳмон бардошт ва ба хусус ба ҳамагон нишон дод, ки пушти ниқобҳои сиёҳи бачаҳои КДАМ, ки худро амини мардум медонанд чӣ чонварони ваҳшие истодааас.Дар дунё кишварҳое ки даъвои “демократия”-и доранд ва бархилофи усули демократӣ бо мардуми худ рафтор мекунанд кам нестанд ва бо ҳеҷ роҳ намешавад онҳоро қонеъ кард, ки корашон дуруст нест магар дар баъзе мавридҳои нодир ба мисли қазияи Маҳмадалӣ Расулов.Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин кишварҳое аст, ки “демократия” – ро ҷузъи зотии худ дониста ҳеҷ вақт амалҳояшро хилофи конститутсия ва қонунҳои ҷаҳонӣ намедонад ва баракс худро дилсӯз ва ҳомии шаҳрвандонаш муаррифӣ мекунад.Агар воқеан ҳукумати Тоҷикистон ҳомӣ ва дилсузӣ шаҳрвандонаш бошад (ки нест), чаро дар қазияи Маҳмадалӣ Расулов то ҳануз ҷавобе нагуфтааст? Ин саволро аз ду тариқ мешавад ҷавоб дод: Аввал инки ҳукумати Раҳмонро рӯзона аз ин туҳматҳо зиёд мезананд ва аз баски хеле зиёданд дигар ҳукумат лозим намебинад, ки ҷавоби ҳамаи инҳоро диҳад пас сукутро пешаи худ кардааст.Дуввум: инки сухани ҳақ ҷавоб надорад! Пас сукутро интихоб кардаанд.Далили аввал зиёд ба назар саҳеҳ нест, зеро ин навъ хабарҳо хеле нодир ва кам аст ва агар ҳам шахсе камбуд ва нуқси ҳукуматдоронро фош кунад дар аввалин фурсат ҳукумат он шахсро хоини давлату миллат муаррифӣ карда ҷавобашро медиҳад. Аммо роҳи дуввум ба назар саҳеҳтар меояд, зеро дуруст аст, ки пояи ҳукумати Раҳмон бар зулму куштор бино шудааст, вале дар даруни ҳукумат ҳануз инсонҳое ҳастанд, ки виҷдони поки инсониашон намегузорад, ки ин ҳама зулму фишор ва куштор болои ҳамшаҳриён ва ҳамнавъони худ биёранд ва хомӯш бошанд. Ва бо вуҷуде ки медонанд бо ин фошкориашон чӣ оқибати сахте дар интизорашон аст, вале кори пасти ғайри башариро, ки ҳукумати Тоҷикистон аз онҳо хостааст анҷом намедиҳанд ва аз куштору зулму ситам болои ҳамватанони худ даст мекашанд.Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки суханон ва фошкориҳои Маҳмадалӣ Расулов чеҳраи воқеъии ҳукуматдорони Раҳмонро ба ҳамагон ошкор кард ва ба намоиш гузошт.Хабарнигори Востокнюз: Каримов Далер

general.images